Гови швисӣ
Гови швисӣ — зоти ширу гӯштдеҳ аст, ки дар Швейсария ба вучуд оварда шудааст. Дар кори руёндани ин зоти гов иқлими мулоиму намноки мамлакат ва чарогоҳу марғзорҳои кӯҳии алпӣ хеле мусоидат намудаанд. Гови швисӣ зуд калон мешавад. Вазни зиндаи модаговаш 600—650 кг, буққааш то 1000 кг аст. Аз ҳар сар модагов соле 4200-4500 кг шир (равғаннокиаш 3,9 %, миқдори сафедааш 3,4 %) медӯшанд. Солҳои 1930 ба Тоҷикистон аз қисми аврупоии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чанд сар uови швисӣ оварда шудаанд.
Кишвари созанда | |
---|---|
Баландӣ | 143,5 ± 1,5 сантиметр |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Соли 1931 барои ташкил кардани фермаи таҷрибавӣ аз Қирғизистон 10 ва аз фермаи Академияи кишоварзии ба номи Тимирязев 24 сар ҷавонаи гови швисиро оварданд. Вале ин миқдор барои беҳтару зиёд кардани саршумори гови маҳаллии зебумонанд кам буд. Бинобар ин, дар давоми солҳои 1936—1939 аз вилоятҳои марказӣ ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ боз 3553 сар буққа ва 513 сар модагову гӯсолаи гови швисӣ оварда шуд. Тақрибан баъди 10 сол 872 сар буққа ва 215 сар ғуноҷини дигар ворид гашт. Тӯли солҳои 1945—1949 аз Қирғизистон ва Қазоқистон боз 400 сар буққаи гови швисӣ оварда шуд. Ҳамин тавр, то солҳои 70 асри 20 саршумори гови швисӣ дар ҷумҳурӣ ба 11353 расид. Олимони тоҷик гови швисӣ-ро барои ба вуҷуд овардани зоти гови швитсии зебумонанд истифода бурдаанд. Бо мақсади дурагакунонӣ буққаҳои гови швисӣ аз вилоятҳои Смоленск, Тула, Маскав, инчунин аз Украина, Қирғизистон ва Австрия оварда шуданд. Дар шароити иқлими Тоҷикистон дар давраи ширдиҳии аввал аз ҳар сар модагови гови швисӣ 3888 (равғаннокиаш 4,05 %), дар давраи дуввум 4465 (равғаннокиаш 4,14 %) ва дар давраи севвум 4377 (равғаннокиаш 4,07 %) кг шир дӯшида шуд. Ҳоло гови швисӣ дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Восеъ, Данғара, Ёвон, Қубодиён, Қумсангир, Панҷ, Носири Хусрав, Норак, Шаҳритус, Ҷалолуддини Румӣ, Ваҳдат, Нуробод ва Рашт парвариш меёбад. Соли 2013 дар ҷумҳурӣ 16 ҳазор сар гови швисӣ мавҷуд буд.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Доброхотов А. Б. Частная зоотехния. Л., 1959;
- Дмитриев Н. Г. Породы скота по странам мира. Л., 1978;
- Арзуманьян Е. А. Животноводство. М., 1991;
- Солдатов А. П. Домашние породы крупного рогатого скота. М., 2001;
- Костомахин М. М. Скотоводство. М., 2007.
Сарчашма
вироиш- Гови швитсӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.