Гови қалмоқӣ — зоти гӯштдеҳ.

Гови қалмоқӣ
Нигора
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар Қалмоқистон, вилоятҳои Ростов, Астрахан, Томск ва Читаи Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон парвариш мекунанд. Дар хусуси таърихи пайдоиши гови қалмоқӣ фикру ақидаи ягона вуҷуд надорад. Ба гуфтаи профессор П. Н. Кулешов (1926) гови қалмоқӣ аз гови ҳиндӣ ба вуҷуд омадааст. Олимони дигар пайдоиши онро ба тури осиёӣ нисбат медиҳанд. Дар қисми ҷанубу шарқии Русия гови қалмоқӣ ибтидои асри 17, замоне, ки қабилаҳои қалмоқ аз Ҷунгар ба поёноби Волга муҳоҷират карданд, пайдо шудааст. Гови қалмоқӣ дар шароити қаҳратуни дашту биёбон, ки бӯронҳои тезутунд чорворо нобуд мекард, ташаккул меёфт. Одамон барои парвариши минбаъда танҳо чорвои бардаму солим, бадошт, боқувватро нигоҳ медоштанд. Бо мурури замон гови қалмоқӣ ба таъсири иқлими сарду бӯронҳои тезу тунд ва хӯроки кам тоқат карда, аз говҳои зоти дигар ба куллӣ фарқ кард. Дар баъзе хоҷагиҳои вилояти Ростов ва Поволжияи Поён охири асри 19 — аввали асри 20 бо мақсади рӯёндани гови қалмоқии ҷисман калонтар онро бо гови сименталӣ ва бо мақсади баланд шудани сифати гӯшташ бо гови шартгорӣ ҷуфтӣ намуданд. Гови қалмоқиро асосан ба ду навъ ҷудо мекунанд: зудболиғи гӯштдеҳ ва дерболиғи гӯштдеҳ. Говҳои зудболиғ нисбат ба говҳои дерболиғ хурдтар буда, тез ба воя мерасанд, вазни куштаашон низ 2-4 % зиёд аст. Ҷавонаи онҳо дар 19-моҳагӣ 453 кг вазн дорад. Вазни зиндаи гови қалмоқӣ дар 2-солагӣ 450—550 кг аст, ки 58-61 дарсадаш гӯшти холис мебошад. Вазни зиндаи буққаҳояш ба 750—850 (баъзан то 1020) кг мерасад. Ранги гови қалмоқӣ асосан сурх буда, баъзан дар тахтапушташ рахи сафед дорад; сараш сафед, пешонияш танг, шохаш кӯтоҳ, пойҳояш калтаи боқувват мебошанд. Гови қалмоқӣ ба шароити кӯҳистон ва баландкӯҳҳо низ хуб мутобиқ гардидааст. Модагови гови қалмоқӣ андаряк 1100—1500 кг шир (равғанаш 4,1-4,5 %) медиҳад. Аз баъзе говҳо соле то 4500 кг шир медӯшанд. Гови қалмоқиро ба Тоҷикистон солҳои 70 асри 20 оварданд. Парвариши он хусусан дар Ҷиргатол, Рашт ва Ховалинг хуб ба роҳ монда шуда буд. Феълан саршумори он дар ҷумҳурӣ хеле кам мондааст. Соли 2013 дар хоҷагиҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 180 сар зоти гови қалмоқӣ мавҷуд буд.

Адабиёт

вироиш
  • Доброхотов А. Б. Частная зоотехния. Л., 1959;
  • Нармаев М. Б. Калмыцкий скот и его совершенствование. Элиста, 1963;
  • Дмитриев Н. Г. Породы скота по странам мира. Л., 1978;
  • Арзуманян Е. А. Скотоводство. М., 1980.
  • Арзуманян Е. А. Животноводство. М., 2007.

Сарчашма

вироиш