Говкафтар, кафтари кӯҳӣ, кафтари ҷангалӣ (лот. Columba palumbus) — бузургтарин навъи кафтарҳои ёбоӣ.

Говкафтар
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Columba palumbus Linnaeus, 1758
Ареал
тасвир
Вазъияти ҳифз

Дар қисмати шимолу шарқии Африқо, Аврупо, Сибири Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ дучор меояд. Дарозии танаш 40-45 см, вазнаш 400—900 г. Рангаш кабуди хокистарӣ; гардану болҳояш холҳои сафед доранд. Чашмонаш зард, нӯлаш сурхи зардтоб, қафаси сина ва панҷааш гулобӣ. Думаш рост ё гирда, аз поин хатти сафеди амудӣ (тарвоза) дорад, ки ҳангоми парвоз аён мегардад. Дар Тоҷикистон парандаи мавсимӣ буда, дар ҷангалзору боғҳо вомехӯрад. Моҳҳои март — апрел парида омада, охири сентябр парида меравад. Зимистонро дар Аврупои Ҷанубӣ, Паси Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, баъзан дар ҷануби Фаластин ва Ҳиндустон мегузаронад. Говкафтар дар шоху навдаи дарахтон лона мегузорад, баъзан дар лонаи тарккардаи санҷоб, зоғ, акка ва боз ҷо мегирад. Соле то ду маротиба (моҳи май) 1-2 дона тухм мегузорад. Баъди 18 шаборӯз аз тухм чӯҷаҳо мебароянд. Ҳафтаи аввал чӯҷаҳо аз равғани ҷиғилдони модарашон ғизо мегиранд. Баъди 20 рӯз чӯҷаҳо парвозӣ шуда, мустақилона ғизо меёбанд. Говкафтар бештар тухми рустаниҳои гуногун, мева ва ғайраро мехӯрад. Гӯшташ лазиз аст. Онро баъзан шикор мекунанд.

Адабиёт

вироиш
  • Абдусалямов И. А. Фауна Таджикской ССР. Птицы. Т. 19. Ч. 1-3. Л., 1977;
  • Э. И. Гаврилов. Фауна и распространение птиц Казахстана. Алмааты, 1999;
  • Рябцев В. К. Птицы Урала, Приуралья и Западной Сибири. Екатеринбург, 2000.

Сарчашма

вироиш