Гомбиё (дарё)
Гомбиё — дарё дар Африқои Ғарбӣ. Дарозиаш наздики 1130 км. Ҳавзааш дар ҳудуди давлатҳои Гвинея, Сенегал, Гомбиё воқеъ буда, 69931 км² масоҳат дорад.
Мушаххасот | |
---|---|
Тӯл | 1130 км |
• Координатаҳо | |
Мавқеъ | |
Кишварҳо | Гвинея/Сенегал/Гомбиё |
Саргаҳаш аз пуштакӯҳи Фута-Ҷоллон (Гвинея) оғоз шуда, ба уқёнуси Атлантик мерезад. Сарфи миёнаи об ба 2000 м3³с мерасад. Мавсими обхезӣ – аз июн то октябр. Гомбиё аҳаммияти нақлиётӣ дорад. Аз резишгоҳ ба масофаи 467 км киштигард аст. Дар водиҳо ҷангалзори ҳамешасабз мавҷуд аст. Дар резишгоҳаш бандари Бонҷул ҷой гирифтааст. Паҳноии Гомбиё дар резишгоҳ 16 км, умқаш 8,1 м буда, дар ҳудуди Гомбиё он камбар шуда, то ба 200 м мерасад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гамбия // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.