Гомбиё (англ. The Gambia, [ˈɡæmbiə]), Ҷумҳурии Гомбиё (англ. Republic of The Gambia), Гомбиёдавлат дар Африқои Ғарбӣ, яке аз хурдтарин кишварҳо дар қитъаи Африқо. Дар шимолу шарқ ва ҷануб бо Сенегал ҳамсарҳад буда, аз самти ғарб ба уқёнуси Атлантик мепайвандад. Дарозии сарҳаддаш дар хушкӣ — 7400 км, дар соҳил — 80 км. Масоҳаташ 11300 км². Аҳолиаш 1,9 млн нафар (2014). Пойтахташ — шаҳри Бонҷул.

Ҷумҳурии Гомбиё
англ. Republic of The Gambia
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Шиор: «Progress, Peace, Prosperity (Пешрафт, Оштӣ, Беҳрӯзӣ)»
Суруди миллӣ: [[Суруди миллии Гомбиё|«For The Gambia Our Homeland
»]]
Санаи истиқлол 18 феврали соли 1965 (аз Бритониёи Кабир)
Забони расмӣ инглисӣ
Пойтахт Бонҷул
Шаҳрҳои калонтарин Серекундо
Шакли ҳукумат низоми риёсатӣ[1]
Раисҷумҳур Адомо Боррув
Муовини раис Усойну Дорбу
Дини давлатӣ ислом
Масоҳат 159-ум дар ҷаҳон
 · Ҳамагӣ 10 380 км²
 · % сатҳи об 11,5
Аҳолӣ
 · Баҳо (2013) 1 878 999[2] нафар (148-ум)
 · Барӯйхатгирӣ (2003) 1 360 681 нафар
 · Зичӣ 156 наф./км²
 · ба сари аҳолӣ 1700 долл.
ММД (БҚХ)
 · Ҳамагӣ 3,387 млрд долл.
ШРИ (2018) 0,460[3] (поин174-ум ҷой)
Воҳиди пул долосӣ
Интернет-домен .gm
Рамзи ISO GM
Рамзи КБО GAM
Пешшумораи телефон +220
Минтақаи замонӣ UTC+0

Бахшбандии кишварӣ

вироиш

Аз рӯйи тақсимоти маъмурӣ ба 5 округ ҷудо мешавад. Иди миллӣ – Рӯзи истиқлол – 18 феврал ва Рӯзи инқилоб – 22 июл. Воҳиди пул – даласи.

Сохти давлатӣ

вироиш

Гомбиё – ҷумҳурии президентӣ. Конститутсияи амалкунанда соли 1996 қабул шудааст. Сардори давлат ва ҳукумат президент буда, ҳамзамон сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ низ мебошад ва аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад. Мақоми олии қонунгузор – парламенти якпалатагӣ (Ассамблеяи Миллӣ) буда, аз 53 намоянда иборат аст (48 нафари онҳо дар асоси интихоботи умумӣ ва 5 нафар аз тарафи Президент таъйин мешаванд), ки ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд. Ҳокимияти иҷроияро президент дар мувофиқа бо парламент таъйин мекунад. Мақоми олии судӣ – Суди олӣ. Гомбиё узви СММ, Иттиҳоди Африқо, Конференсияи СММ оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД), ЮНЕСКО, Созмони конфронси исломӣ, Иттиҳоди Британияи Кабир, як қатор иттиҳодияҳои байналмилалӣ (Созмони умумиҷаҳонии савдо, Интерпол, Хазинаи байналмилалии асъор ва ғайра) ва минтақавӣ (аз ҷумла Иттиҳоди иқтисодии давлатҳои Африқои Ғарбӣ, Созмони рушди давлатҳои ҳавзаи дарёи Гомбиё) мебошад.

Табиат, сохти геологӣ, релеф, сарватҳои табиӣ

вироиш

Ҳудуди Гомбиёро ҳамворӣ (баландиаш то 100 м аз с. б.) бо теппаҳои начандон баланд дар қисмати марказӣ ва шарқии он ишғол намудааст ва аз он дарёи Гомбиё ҷорист. Сарватҳои табиӣ кам буда, захираи начандон калони маъдани рутил, илменит, сирконий ва реги кварсдор дорад. Иқлимаш субэкватории муссонӣ, тобистон серборишу зимистон хушк. Ҳарорати миёнаи декабр +23-2б°С, июл +25-27°С. Аз ноябр то март аз биёбони Саҳрои Кабир тафбоди «ҳарматан» вазида, чангу ғубор меоварад, ки дар натиҷа ҳарорати рӯзона то 38°С баланд шуда, шабона паст мефурояд. Боришоти солона дар соҳили уқёнуси Атлантик аз 1300 то 1500 мм ва дар дохили мамлакат аз 750 то ба 1000 мм мерасад. Дарёи бузургтаринаш — Гомбиё 1200 км дарозӣ дошта, масоҳати ҳавзааш 180 ҳазор км² аст. Он дар кӯҳҳои Фута-Ҷаллон (Гвинея) оғоз ёфта, ба уқёнуси Атлантик мерезад. Делтаи он дар соҳили уқёнус то 20 км васеъ мегардад. Бештар аз 350 килуметрии дарёи Гомбиё — киштигард. Гомбиё аз олами набототу ҳайвонот ғанӣ аст.

Наботот

вироиш

Дар водии дарёи Гомбиё бешаҳои ҳамешасабзи тропикӣ (махагон, ироко, дарахти атлас) паҳн гардидаанд, ки 42 дарсади ҳудуди мамлакатро ишғол мекунанд.

Ҳайвонот

вироиш
 
Тимсоҳ

Дар Гомбиё 133 намуди ҳайвоноти ширхӯр (оҳу, шағол, ҷайра, маймун ва ғайра, дар мавзеъҳои касногузар баҳмут, тимсоҳ, 535 намуди парранда (лаклак, пеликан, уқоб, боша ва ғайра) вомехӯранд. Минтақаҳои ҳифзшавандаи Гомбиё (398 км²) — боғҳои миллӣ (Кянг, Нюми, «Ривер-Гомбиё»), мамнӯъгоҳи парандагон (Танҷи-Киринти). Мушкилоти асосии экологӣ — аз байн бурдани ҷангалҳо (аз соли 1990 то имрӯз масоҳати ҷангалҳо 162 км² кам шуд), хушксолӣ дар фасли зимистон.

Аҳолӣ

вироиш

Аҳолии мамлакат ба гурӯҳи халқҳои атлантикӣ ё бантоили ғарбӣ (фулбе, волоф, диола, манҷак) ва манде (мандинго) дохил шуда, дар маҷмӯъ ба гурӯҳи забонҳои нигеру конгоӣ мансуб мебошанд. Халқи Гомбиёро наздики даҳ гурӯҳи этникӣ (аз ҷумла мандинго, фулбе, волоф, диола ва ғайра) ташкил медиҳад, ки нуфуси халқи мандинго аз ҳама бештар буда, онҳо дар минтақаҳои наздисоҳилии дарёи Гомбиё сокинанд. Қавмҳои африқоӣ 99 дарсад ва аврупоиҳо 1 дарсади (аксар англисҳо) аҳолиро ташкил медиҳанд. Забони давлатӣ англисӣ буда, аксари аҳолӣ ба забонҳои фуле, волоф ва мандинго гап мезананд. 90 дарсади аҳолӣ мусулмон буда, боқимонда пайрави дину ойинҳои анъанавии маҳаллӣ ва насронианд (9%). Афзоиши солонаи аҳолӣ – 2,8% (2013). Таваллуд – 39,9 %, фавт – 12,5 %, фавти кӯдакон – 75,13 нафар ба 1000 навзод. Сабабҳои асосии фавт бемориҳои сироятӣ, саратон, дилу рагҳо мебошанд. Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 55 (мардҳо – 54, занҳо – 57) сол. Зичии миёнаи аҳолӣ – 138 нафар дар 1км². Аҳолии шаҳрнишин – 26%. Шаҳрҳои калонтаринаш – Бонҷул ва Серекунда.

Таърих

вироиш
 
Харитаи минтақа (1707)

Бозёфтҳои олатҳои сангин (табару асбобҳои сафолӣ) дар назди шаҳри Бонҷул аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки соли 750 м. дар водии дарёи Гомбиё одамон сокин будаанд. Дар асрҳои 13–15 сарзамини Гомбиё ба ҳайати давлатҳои Малӣ ва дертар ба Сангай дохил буд. Дар садаи XV баҳрнавардони португалиягӣ Луиз де Кадамосту ва Антониоти Усодимаре дар қисми болооби соҳили дарёи Гомбиё деҳаҳои қабилаҳои мандинго ва волофро муайян намуданд. Дар охири садаи XVI ба ин сарзамин англисҳо ва дар аввали садаи XVII фаронсавиҳо ворид шуданд. Соли 1902 англисҳо ҳукмрони комили Гомбиё гардиданд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939–45) дар мамлакат ислоҳоти сиёсӣ анҷом дода шуда, ҳизбҳои сиёсӣ таъсис ёфтанд. Соли 1960 баъди ислоҳот парламенти якпалатагӣ таъсис ёфт ва соли 1962 ба Гомбиё ҳуқуқи маҳдуди худидоракунӣ дода шуд. 18 феврали 1965 Гомбиё давлати худмухтор дар ҳайати Иттиҳоди Британия гардид. Сарвари давлат маликаи Британия буда, ӯро дар мамлакат генерал-губернатор намояндагӣ мекард. 24 апрели 1970 тибқи раъйпурсӣ Гомбиё ҷумҳурӣ эълон гардида, президенти нахустини он Довуд К. Ҷавара интихоб шуд. Соли 1981 бо ёрии лашкариёни Сенегал табаддулоти давлатӣ ва сарнагун сохтани ҳокимият пешгирӣ карда шуд. Соли 1962 шартномаи таъсис намудани конфедератсия бо номи Сене Гомбиё ҳукми қонунӣ гирифт. Вале соли 1989 конфедератсия таҳти таъсири мушкилоти сиёсию гумрукӣ фаъолияти худро боздошт. Соли 1994 бо иштироки низомиён табаддулот ба амал омада, президент Ҷавара барканор карда шуд. Гурӯҳи афсарон (низомиён) бо сарварии лейтенант Ҷамме ҳукумати муваққатии ҳарбӣ ташкил намуданд. Соли 1996 конститутсияи нав қабул карда шуд, ки 70 дарсади интихобкунандагон онро тарафдорӣ карданд. Дар интихоботи президентӣ номзадии Ҷаммеро Ҳизби Алянс дастгирӣ намуд. Дар интихоботи солҳои 2001, 2006, 2011 Ҷамме аз нав президенти мамлакат интихоб гардид.

Ҳизбҳои сиёсӣ

вироиш

Ҳизби ҳукмрон дар мамлакат – Алянс (ҳизби прогрессивӣ, бо сарварии Я. Ҷамме) буда, ҳамчунин Ҳизби халқии демократӣ барои истиқлол ва сотсиализм, Ҳизби оштии миллӣ, ҳизбҳои оппозитсионӣ – Ҳизби халқии Гомбиё, Ҳизби муттаҳидаи демократӣ фаъолият доранд.

Иқтисод

вироиш

Гомбиё мамлакати аграрии аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда буда, тамоюли якказироатӣ (парваришу содироти арахис) рушд намудааст. Ҳаҷми умумии ММД ба 400 млн доллари ИМА баробар буда, ҳиссаи саноат 14%, кишоварзӣ 32%, соҳаи хидматрасонӣ 54%-ро ташкил медиҳад. Сармоягузориҳои хориҷӣ бештар ба соҳаи кишоварзӣ равона гардида (Олмон, Чин), ба соҳаи сайёҳӣ (Шветсия) ва тиҷорат (Фаронса) низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Солҳои охир як қатор корхонаҳои муштарак бо дастгирии Олмон, Шветсия, Британияи Кабир бунёд ёфтанд. Сармоягузорони асосии хориҷӣ – Британияи Кабир, Фаронса ва Олмон.

Саноат

вироиш

Соҳаи муҳимми онро саноати коркарди маҳсулот ташкил медиҳад. Истеҳсоли неруи барқ заиф буда, иқтидори солонаи он ба 140 млн кВт/соат баробар аст. Иқтидори умумии неругоҳҳои барқӣ ба 29 ҳазор кВт мерасад. Аксари неругоҳҳо бо сӯзишвории аз хориҷа воридшаванда кор мекунанд. Калонтарин неругоҳҳои барқи ҳароратӣ дар шаҳрҳои Бонҷул, Юндум, Барр, Брикама ҷойгиранд. Корхонаҳои асосии Гомбиё ба истихроҷ ва коркарди илменит, каолин, кварси регдор ва рутил машғуланд. Дар баробари коркарди чӯб, корхонаҳои коркарди пӯст, фабрикаи пойафзор, корхонаи бофандагӣ ва корхонаҳои хурди истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ низ мавҷуданд. Солҳои охир корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ – арахис, коркарди моҳӣ, истеҳсоли гӯшт, консерваи сабзавоту моҳӣ, равғани нахл (палма), нӯшокиҳои гуногун ва шаробпазӣ бунёд ёфтаанд. Дар Бонҷул ва Барр устохонаҳои таъмири киштӣ мавҷуданд. Кулолӣ, кандакорӣ, тӯрбофӣ ва дигар соҳаҳои косибӣ низ инкишоф ёфтаанд.

Кишоварзӣ

вироиш

Кишоварзӣ соҳаи асосии иқтисодиёти Гомбиё буда, бештар аз 25 дарсади заминҳои мамлакат кишт мешавад. Асосан чормағзи заминӣ (арахис), ҷуворӣ, шолӣ, сорго, зироатҳои лӯбиёӣ, сабзавот, пахта, дарахтони банан, манго, афлесун парвариш менамоянд. Майдони кишти чормағзи заминӣ 123 ҳазор га буда, он соле 125 ҳазор т истеҳсол мешавад ва 80 дарсадаш ба хориҷа содир карда мешавад. Истеҳсоли солонаи ҷуворӣ – 38,3 ҳазор т, шолӣ – 43,0 ҳазор т, сарго – 34,5 ҳазор т. Вобаста ба талаботи берунӣ истеҳсоли меваю сабзавот меафзояд. Ҳоло соле 12 ҳазор т сабзавот ва 5,5 ҳазор т мева истеҳсол мешавад. Чорводорӣ бинобар афзоиши ҳашароти зараррасон (паҳн шудани пашшаи се-се) суст тараққӣ кардааст. Соле дар мамлакат 8,6 ҳазор т шир, 5,1 ҳазор т гӯшт ва 1,8 ҳазор т гӯшти мурғ истеҳсол мешавад. Бешазор дар ҳаёти мардуми Гомбиё нақши муҳим дошта, манбаи асосии сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ мебошад. Аммо нобудсозии бешазор боиси мушкилоти зиёди экологӣ гардидааст, ки ба авҷ гирифтани биёбоншавӣ ва фарсоиши хок мусоидат менамояд. Дар Гомбиё соле то 600 ҳазор м3 дарахтзор барои сӯзишворӣ бурида мешавад. Моҳигирии баҳрӣ ва дарёӣ инкишоф ёфтааст. Соле то 40 ҳазор т моҳӣ (барракула, акула, бого, камбала, окуни баҳрӣ, солоро, сардинелла) ва ҷонварҳои баҳрӣ шикор карда мешавад. Дар Гомбиё р. о. вуҷуд надорад. Дарозии умумии роҳҳои автомобилгард – 4,1 ҳазор км буда, танҳо 712 км асфалтпӯш мебошад. Тӯли роҳҳои баҳрӣ 390 км буда, флоти тиҷоратии он аз 5 киштӣ иборат аст. Бандари асосӣ ва ягонаи баҳриву дарёии Гомбиё Бонҷул аст. Дар мамлакат ягона фурудгоҳи байналмилалӣ дар Юндум сохта шудааст, ки он аз Бонҷул дар масофаи 27 км ҷойгир аст.

Савдои берунӣ

вироиш

Даромади Гомбиё аз савдои берунӣ 14,3 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад. Гомбиё ба Таиланд (16,5%), Британияи Кабир (15,4%), Фаронса (14,0%), Ҳиндустон (12,8%), Олмон (9,1%) асосан маҳсулоти кишоварзӣ – чормағзи заминӣ, равғани нахл, моҳӣ, маҳсулоти баҳрӣ ва нахи пахта содир намуда, аз хориҷа мошину таҷҳизот, маҳсулоти хӯрокӣ, молҳои саноатӣ, сӯзишворӣ ва таҷҳизоти нақлиётӣ ворид мекунад. Шарикони асосии тиҷоратии Гомбиё ‒ Чин, Бразилия, Сенегал, Британияи Кабир ва Нидерландия.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва даромадноки Гомбиё ба ҳисоб меравад. Марказҳои асосии сайёҳӣ – Бонҷул, Серекунда, мамнӯъгоҳи парандаи Танҷи–Каринти, Абуко. Соле ба Гомбиё 145 ҳазор сайёҳ, асосан аз Британияи Кабир, Олмон ва Скандинавия меоянд.

Тандурустӣ

вироиш

Вобаста ба шароити иқлим дар байни аҳолии мамлакат бемориҳои сироятии диарея, ҳепатит–А, табларза, менингит, гулбек, сил, касалии хоб, шистосоматоз паҳн шудаанд. Танҳо аз бемории табларза ва диарея соле 50 дарсади кӯдакони то синни 5-сола мефавтанд. Танҳо 62 дарсади аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин аст, ки ин сабаби паҳн шудани бемориҳои сироятӣ гардидааст. Ҳоло дар мамлакат 550 муассисаи табобатии давлатӣ, аз ҷумла 8 беморхона, 42 маркази табобатӣ ва 510 бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ 13 духтур, 230 ҳамшираи тиббӣ ва 68 кат рост меояд. Ба соҳаи тандурустӣ 6,6 дарсади ММД сарф мешавад.

Варзиш

вироиш

Дар Гомбиё Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи варзиш соли 1972 ташкил ёфтаанд. Варзишгарони Гомбиё аз соли 1984 дар Бозиҳои олимпии тобистонӣ (аз рӯйи варзиши сабук) иштирок мекунанд. Аз соли 1968 Гомбиё узви Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) мебошад. Дастаи ҷавонони то 17-солаи Гомбиё дар чемпионати давлатҳои Африқо солҳои 2005 ва 2007 сазовори ҷойҳои якум ва сеюм гардиданд.

Маориф

вироиш

45 дарсади аҳолии аз 15-сола боло саводноканд. Дар мамлакат барномаи маҳви бесаводӣ дар байни калонсолон амалӣ мегардад. Соҳаи маориф аз тарафи Департаменти давлатии маориф идора карда мешавад. Ба ин соҳа 2,1 дарсади ММД равона мегардад. Таҳсил аз 6–7-солагӣ шурӯъ шуда, 6 сол дар зинаи поёнӣ ва 3 сол дар зинаи миёнаи нопурра идома меёбад. Маълумоти миёнаи пурраро талабагон дар мактаби миёна (3 сол) мегиранд. Ҳоло дар Гомбиё 571 мактаби ибтидоӣ, 49 мактаби таҳсилоти миёна амал мекунанд. 69 дарсади кӯдакон дар мактаби ибтидоӣ таҳсил мекунанд, ки аз ин 71%-ро писарон ташкил медиҳанд. Дар қатори мактабҳои давлатӣ, мактабҳои хусусӣ ва исломӣ низ мавҷуданд. Бештари мактабҳои ибтидоӣ ва махсуси миёна дар Бонҷул ҷойгиранд. Дар Гомбиё низоми омӯзиши касбӣ равнақ ёфтааст ва муддати таҳсил дар он 2 сол буда, зиёда 30 муассисаи таълимӣ (давлатӣ ва шахсӣ) мавҷуд аст. Маълумоти олиро, асосан, Донишгоҳи Гомбиё (дар шаҳри Серекунда, соли таъсисаш – 1999) медиҳад; дар он факултаҳои илмҳои гуманитарӣ, илмҳои иҷтимоӣ, кишоварзӣ, тибб, иқтисодиёт ва менеҷмент амал мекунанд. Ғайр аз ин дар мамлакат 2 маркази таҳқиқоти илмии соҳаи тибб ва орнитология мавҷуд аст.

Адабиёти Гомбиё

вироиш

Адабиёти Гомбиё бо фолклор ва анъанаҳои эҷодиёти шифоии мардумӣ (қисса, суруд ва афсонаҳо) робитаи зич дорад. Адабиёти касбӣ солҳои 60 садаи XX ба вуҷуд омадааст. Шоирон ва нависандагони шинохтаи Гомбиё: Питер Ленри (яке аз нависандаҳои машҳури Африқо, маҷмӯаи нахустини ҳикояаш – «Хонаи дуввум», 1962), Габриэл Робертс, Кбабоу Конате, Кинте Раматолла, А. Гомбиё Салим, Таҷан М. Салоҳ, Шариф Савве, Эбу Дилба. Гомбиё анъанаҳои фаровони мусиқӣ дошта, дар гӯшаҳои гуногуни он ҷашнҳои сурудхонӣ баргузор мешаванд.

Осорхона ва китобхона

вироиш

Осорхонаи миллии Гомбиё (соли 1968) дар Бонҷул ҷойгир буда, дар он маҷмӯи бозёфтҳои бостоншиносӣ ва мардумшиносии замони мустамликадорӣ ҷамъ оварда шудаанд. Дар музофоти Танҷи осорхонаи деҳотӣ (дар Африқо шуҳрат дорад) мавҷуд аст. Китобхонаи миллӣ (соли 1946, дар Бонҷул) дорад.

Расонаҳо

вироиш

Дар Гомбиё ҳамаи рӯзномаву маҷаллаҳо ба забони англисӣ нашр мешаванд. Радио ва телевизиони ҳукуматӣ аз соли 1962 вуҷуд доранд. Радиои Гомбиё аз панҷ пойгоҳи радиоӣ иборат буда, барномаҳо ба забонҳои англисӣ ва маҳаллӣ пахш мешаванд. Намоишҳои телевизонӣ аз тариқи ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ пешкаш мегарданд.

  1. Атлас мира: Максимально подробная информация / Руководители проекта: А. Н. Бушнев, А. П. Притворов. — Москва: АСТ, 2017. — С. 60. — 96 с. — ISBN 978-5-17-10261-4.
  2. Счетчик населения Гамбии. Данные на 29.11.2013. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 Январ 2014.
  3. Human Development Indices and Indicators(англ.). Барномаи рушди СММ (2018). — Доклад о человеческом развитии на сайте Программы развития ООН. 14 сентябри 2018 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Новая российская энциклопедия. Т IV (1). М., 2005;
  • Страны и регионы мира. М., 2010;
  • Страны мира. М., 2011.

Сарчашма

вироиш