Го́тика (аз итол. gotico — барбарӣ, ваҳшӣ, ваҳшиёна, ки бо қабилаи готҳои олмонӣ марбут аст), сабки готӣ — сабки ҳунарие, ки дар Аврупо аз миёнаҳои асри 12 то асри 15 (дар чандин кишварҳо то асри 16) ҳукмрон буд.

Таърих

вироиш

Истилоҳи готика аз тарафи инсонпарварон (гуманистон)-и давраи Эҳёи Итолиё барои ифодаи залолати тамоми анвои санъати асрҳои миёна, ки барбарӣ ҳисобида мешуд, эҷод гардид. Готика мисли услуби романӣ дар маҳалҳое, ки калисои католикӣ ҳукмфармо буд, инкишоф ёфт. Чун ин равияи санъат аз рӯйи таъйинот ирфонӣ ва аз ҷиҳати мавзӯъ динӣ буд, дар ифодаи бадеии он афкори рамзиву маҷозӣ ва ҷанбаҳои шартӣ ҳувайдоанд. Санъати готика ба ҳаёти ҷамъиятии асрҳои миёна бетаъсир намонд: шаҳрсозӣ бо ҷузъиёташ (корхонаҳои косибӣ, манзилҳои раҳоишӣ, анборҳо, манораҳо, пулҳо ва чоҳҳо) ривоҷ гирифта, атрофи шаҳр бо деворҳои муҳофизатӣ ва манораҳои музайян иҳота мешуданд, дар маркази шаҳрҳо қалъа ё маъбадҳо эҳдос мегардиданд. Калисоҳои готикӣ бузургтарин ва бошукӯҳтарин иморати асрҳои миёна буда, дар онҳо ғайр аз ибодат боз ҷамъомадҳои мардуми шаҳр, хариду фурӯш, вазъҳо ва ҳар гуна намоиши барномаҳои драмавии ирфонӣ сурат мегирифтанд. Омезишу тарокуми ҷузъиёти санъат дар готика нисбат ба услуби романӣ бештар, мураккабтару ғанитар буда, доираи сужетҳо фарохтару мавзунтар ва пурмантиқтаранд. Дар готика ҳамаи тасаввуроти асримиёнагӣ доир ба оламу ҳаводиси он акс ёфтаанд. Азбаски услуби готика бештар хосси меъморист ва бахусус дар ин соҳаи санъат зуҳури бештар дорад, ҷузъиёти он ба меъмории тамоми мамлакатҳои Аврупо таъсири амиқ гузошт. Сабки готика агарчи асосан ба кишварҳои католики Аврупо, ҳамчун Маҷористону Лаҳистон, тааллуқ дорад, дар Фаронсаву Англия ба авҷи шукуфоии худ расид. Сабки готика бо зебоию печидагии бисёр, илова бар дайру калисоҳои хурду бузург, дар сохтмонҳои ғайридинӣ ба кор рафт ва то асри 16, ки меъмории классикӣ эҳё гардид, роиҷтарин шеваи меъморӣ дар Аврупои Ғарбӣ буд. Готика дар Фаронса дар авҷи рушди фарҳанги шаҳрӣ зуҳур кард, ки ба 4 давра тақсим шудааст: готикаи ибтидоӣ (1130—1190) — оғози корбурди тоқҳои теғадор (калисои Нотр-Дами Порис; оғози сохтмон 1160); готикаи пайконшакл (1190—1240) — истифодаи тоқҳои пайконшакли баланду борик (калисои ҷомеи Шартр, 1194; калисои ҷомеи Бурж 1209); готикаи шуоъгуна (1240—1350) ва готикаи баъдӣ (1350—1520; калисои Сант Жерва дар Порис). Дар Итолиё сабки готика пояи классикӣ дошт. Калисои ҷомеи Милан намунае аз ин сабк аст. Готикаи Олмон то охирҳои асри 13 зери таъсири готикаи фаронсавӣ монда буд. Аз ҷумла калисои ҷомеи Кёлн бузургтарин дар Шимоли Аврупо аз рӯи тарҳи калисои ҷомеи Омин сохта шудааст. Дар Олмон калисоҳоро бо хишти пухта месохтанд. Сабки готика дар Англия ба се давра тақсим шудааст: готикаи ибтидоӣ (1200—1275; калисои ҷомеи Солзбери), готикаи музайян (1300—1375; аз ҷумла дар Йорк Майнстер) ва готикаи қоим (1400—1575; калисои ҷомеи Винчестер).

Сабки готика ғайр аз калисоҳо ва ратушаҳо дар минётуранигорӣ ва ороишоти китоб, кандакории рӯи гачу чӯб ва кашидадӯзӣ низ таъсири амиқ гузошт. Ба вуҷуд омадани системаи синҷбандии готикӣ тавассути аркбутанҳо (ниматоқҳои гунбазӣ), контрфорсҳо (гурҷдеворҳои муқтадиру баланд) ва нервюрҳо (шурфаравоқҳо), ки сутун, девор ва гунбазҳои ғафсу вазнини услуби романиро иваз кард, дар санъати меъморӣ аҳаммияти бузург дошт. Шурфаравоқҳои сангӣ ё хиштӣ мустаҳкаму боэътимод ва давоми банди сутунҳо мебошанд, ки аз як ҷой баромада, ба чаҳор тараф ҷудо мешаванд ва синҷбандии тоқҳоро ташкил медиҳанд. Тирезаҳо ё тоқҳои нӯктезро дар дастаҳои ду ё сетоӣ зери як тоқи қавсӣ месохтанд; сатҳи боқимондаи девори сохташударо умдатан равзана ё нургирҳои гирди кучак мепӯшонданд. Баъдҳо қисмати сангии миёни тирезаҳои мухталиф ва нургирҳо аз байн рафта, тамоми нургирҳо дар бино ба як тиреза мубаддал гардид. Қисми болоии тиреза дар дохили равоқ бо шакабаҳои сангии ороишӣ пур мешуд, ки нахуст дар шаклҳои ҳандасӣ, сипас ба сурати шаклҳои печдарпеч ва саранҷом ба шакли шатранҷӣ ё чаҳорхона буданд. Ин услуби санъати меъморӣ, ки дар кишварҳои дунё ба шаклу тарзҳои гуногун зуҳур кард, дар инкишофу тавсеаи фарҳанги даврони феодалӣ марҳилаи муҳим гардид.

Сабки готика дар ҳайкалтарошӣ низ ба қадри кофӣ равшан зуҳур кард. Ҳайкалҳои бузургро маъмулан дар пештоқи калисоҳои ҷомеи готикӣ мегузоштанд. Саҳнаҳои Растохез ё Тоҷгузории Ҳазрати Марям дар пештоқҳо, аммо бархе аз тасвирҳои авлиёҳо дар ду тараф дар сутунҳо ҷой гирифтаанд: калисои ҷомеи Модархудо дар Шартр, Порис, Лан, Амйен, Реймс, калисои ҷомеъ дар Страсбург, Санкт-Петер дар Бамберготика Дар калисоҳои ҷомеи Фаронса пайкарасозии муҳташами пештоқҳо аз бахшҳои ҷудонопазири барномаҳои бузурги бинокории асрҳои 12-13 ба шумор мерафт. Ин пайкараҳо маъмулан намудҳои кашидаву хуштаркиби меъмории готикаро бозтоб медиҳанд. Ин давра ҳамчунин бо маҷмӯаҳои пурнақшу нигор асри дурахшони мунаббаткории рӯи чӯб маҳсуб мешавад. Дар Олмон, ки бинокорӣ он қадар хуб ривоҷ надошт, муҷассамаҳои симоҳои бузурги олмониро на барои ороиши пештоқи калисоҳои ҷомеъ, балки барои тазйини дохили биноҳо месохтанд. Дар Итолиё ҳайкалҳоро асосан дар дохили калисоҳои ҷомеъ ҷой ва бо онҳо оромгоҳҳову минбарҳои мавъизавиро оро медоданд. Ҳайкалтарошии Руми Қадим ба осори Н. Пизано (минбари баптистони Пизан, 1260), А. ди Камбио (оромгоҳи кардинал де Брай, Орвйето, Сан-Доменико, 1282) ва бисёр устодони дигар таъсир расонд.

Сабки готикаи баъдӣ (готикаи байналмилалӣ) дар наққошию муҷассамасозӣ дар охири асри 14 ва асри 15 рушд кард. Рангҳои дурахшон, оростагии дарборӣ ва пардохти табиатгароёна (натуралистӣ)-и ҷузъиёт аз вижагиҳои ин сабк аст. Он аз миёни ҳунари дарбории Фаронса ва Бургунди пайдо шуда, бисёре аз кишварҳои Аврупоро фаро гирифт. Симон Мартинии итолиёӣ, бародарон Лимбурги фаронсавӣ намояндагони барҷастаи ин сабк буданд. Готикаи байналмилалӣ (интернатсионалӣ) аз ороиши нусхаҳои хаттӣ реша гирифта, ҷилои рангҳо, зарофат дар ҷузъиёт, тарҳҳои пуртафсил ва шахсиятпардозии фардии наққошони минётурасоз дар нусхаҳои хаттиро ба наққошӣ бар рӯи тахта интиқол дод. Пайравони номдори он наққош — ороишгарони мактаби фаронсавӣ, аз ҷумла се бародар — Лимбургҳо (шоҳкорашон китоби «Айёми пурбаракати Дук де Верри»), Ж. Малоуел, ки дар Порис ва Дижон кор мекард, Ҳ. Вилл-чуз, М. Брудерлам ва дигарон, дар Испания Ф. Васса, дар Итолиё С. Мортини, Л. Мемми, дар Олмон С. Лохнер, М. Вертрим буданд. Ҳамчунин дар Англия аз охири асри 14 то нимаи асри 16 готикаи қоим ё перпендикуляр равнақ ёфт, ки мушаббаккории тирезаҳо (ки бештар аз унсурҳои умумӣ ташкил мешуданд), истифода аз ду ё чаҳор қавс, тоқҳои хеле музайяншуда ва қобҳои мушаббак аз мушаххасоти он буданд (калисои ҷомеи Клойстер, 1331—1412; ибодатгоҳи Кинг-Коллеҷ). Дар ин осор деворҳо ба ҷудосозҳои равоқбандишуда табдил шудаанд, ки аксар дар миёна равоқҳои шишаӣ доранд ва барҷастагиҳои сангӣ тамоми вазни сақфи нозукро мебардоранд. Барҷастагиҳои сангӣ бо пуштбандҳои бисёр қавӣ пайванд буда, бо манораҳои баланди нӯгтез интиҳо меёбанд. Вижагиҳои готикаи қоим дар шабистонҳои Калисои ҷомеи Кантербурн ва калисои ҷомеи Манчестер, шабистон ва самти ғарбии калисои ҷомеи Винчестер ва савмааи Йорк Минстер низ инъикос ёфтаанд. готикаи нав дар асрҳои 18-19 дар Британияи Кабир пайдо шуда, баъд дар Аврупо ва ҳатто Амрико густариш ёфт. Унсурҳои готикаи нав баъзан бо техникаи дар ҳамон замон нав хеле аҷоиб омезиш ёфтааст. Мас., пояҳои кӯпруки Бруклин дар Ню-Йорк равоқҳое ба шакли тирезаҳои готикӣ дошт. Намунаҳои барҷастаи готикаи нав бинои парламенти Британия дар Лондон ва масҷиди ҷомеи Патрики Муқаддас дар Ню-Йорк (ИМА) мебошанд. Меъмории готикӣ дар Русия танҳо дар даврони готикаи нав (охири асри 18) роҳ ёфт. Пайдоиши готикаи нав дар Русия бо номи меъмор Ю. М. Фелтен алоқаманд аст. Дар Санкт-Петербург (ноҳияи Маскав) аз рӯи лоиҳаи ӯ бо сабки готикаи нав қаср (1774-77) ва калисои (1777-80) Чесмен сохта шуда буданд. Сабки готикаи нав дар қароргоҳи император дар Саритсинаи (1776-96) Маскав равшан ба назар мерасад. Қароргоҳ аз Қасри калон (1786-96), «Бинои опера», «Нонвойхона» ва дигар иморатҳо иборат аст. Яке аз намунаҳои одии готикаи нав дар Маскав калисои католикии Бибӣ Марям (1901-11) мебошад. Дар Поволже ва қисми шарқии Русия низ чандин иншооти динӣ мавҷуданд, ки бо сабки готикаи нав сохта шудаанд: ибодатгоҳи Дили муқаддаси Исо дар Самара (1906), масҷиди ҷомеаи Маросими марги Бибӣ Марями муқаддас дар Иркутск (1881-84) ва ғ. Намунаҳои готикаи асрҳои миёна дар ҳудуди Русия дар вилоятҳои Калининград (20 қаср ва калисоҳои бузурги бисёр), Ленинград (бештар дар ш. Виборг), ш. Приморск боқӣ мондаанд. Рушди тамоюли реалистӣ дар готика барои нуфуз ва ривоҷи реализм дар санъати давраи Эҳё заминаи воқеӣ фароҳам овард ва дар ташаккули барокко таъсири амиқ гузошт.

Сарчашма

вироиш