«Готҳо», «Гоҳон» (авестоӣ: gāθå) — куҳантарин бахши Авесто, ки тақр. дар асрҳои XII—X то мелод Зардушт навиштааст. Дар Авесто «Готҳо» як бахши таркибии «Ясно» (17 боби онро ташкил мекунанд) мебошанд.

Забон

вироиш

Забони «Готҳо» авестоист, вале онҳо нисбат ба дигар бахшҳои Авесто куҳантар буда, бо вожаҳову таркиботи худ фарқ мекунанд. Забони «Готҳо» ба осори забони санскрит — Ведаҳо («Ригведа», «Самаведа», «Яҷурваведа», «Атҳарваведа»), ки тақр. дар миёни ҳазораи 2 то м. навишта шудаанд, наздикӣ дорад. «Готҳо» аз калимаи авестоии gatha буда, маъниаш суруд, суруди мутантан (гимн) аст. Дар забони паҳлавӣ-форсии миёна ин вожа gas (ҷамъаш — gasan) шудааст. Дар санскрит ҳам ба маънии порчаҳои манзумест, ки пас аз порчаҳои мансур меомаданд. Дар забони форсии дарӣ-тоҷикӣ gatha ба гунаи «гоҳ» (вожаест дар мусиқӣ; дар таркибҳои «дугоҳ», «сегоҳ» дида мешавад) боқӣ мондааст (маъниҳои дигар низ дорад). «Готҳо» дар Авесто низ дар оғоз сурудҳо, порчаҳои манзуме буданд, ки пас аз порчаҳои мансур меомаданд, вале бо мурури замон он порчаҳои мансур аз байн рафтаанд ва танҳо «Готҳо» боқӣ мондаанд. Аз ҳамин сабаб ҳоло пайванди маънавии миёни байтҳо ва баъзе бобҳои «Готҳо» то андозае костааст, ки фаҳмидани маънии онҳо душвортар гардидааст.

«Готҳо» — сурудҳо, манзумаҳоеанд, ки ба вазни ҳиҷоӣ навишта шудаанд. Вобаста ба «Готҳо» якчанд истилоҳи шеърӣ дар Авесто омадааст. Яке аз бобҳои «Ясно» (чунонки гуфта омад «Готҳо» қисми таркибии он мебошанд) ҳаити (ҳатай ё ҳо, ҳот) ном дорад. Вачаташтай барои ифодаи як банд шеър маъмул буд. Бо калимаи афсман мисраъро ном бурдаанд. Пад — ҳиҷо, вачанҳо — вожа (калима)-ро ифода мекарданд.

Тақсимбандӣ

вироиш

«Готҳо» вобаста ба шумораи мисраъҳои бандҳо ва ҳиҷоҳои мисраъҳо ба 5 гуна тақсим шудаанд ва номи вижа доранд (Номи «Готҳо» ба ҷуз аз «Аҳунавити гот» аз калимаи нахустине, ки гот бо он оғоз меёбад, гирифта шудааст. Номи «Аҳунаваити гот» ба нахустин калимаи дуои муқаддаси ойини зардуштӣ «Аҳуна ваирйа…» марбут аст).

«Аҳунавити гот»

вироиш

«Аҳунавити гот» аз 7 ҳо, ҳот (боб)-и «Ясно» (28-34) таркиб ёфта, аз 100 вачасташтай (банд), ки ҳар кадом 3 афсман (мисраъ) дорад, иборат аст. Мисраъ 16 ҳиҷо дорад. Диранг (тақтеъ) дар ин мисраъ пас аз ҳиҷои ҳафтум омадааст. Мас.:

аешам аенанҳам /Виванҳушо сравӣ Йимасчит
йе майшенг чихнушо/ аҳмакенг гауш бага хваремно
аешамчита аҳми/ тваҳми Мазда вичитои аипи

(Яке аз ин гунаҳкорон Йима Вивангаҳои аст, касе, ки барои хушнудии мардум гӯшт хӯрданро ба онон омӯхт. Аз онҳо, эй Маздо, ту маро ба дур нигаҳ дор) («Ясно» ҳоти 32, банди 8).

«Уштаваити гот»

вироиш

«Уштаваити гот» («Ясно», ҳотҳои 43-46) аз 66 банди панҷмисраӣ иборат буда, ҳар як мисраъ 11 ҳиҷо дорад. Диранг пас аз ҳиҷои чорум меояд. Мас.:

кам немои зам / кутра немои айени
паири хваетеуш / ийраманасчи дадаити
ноит ва хшнауш / йа верезена ҳача
наеда даҳйеуш / йои састаро дрегванто
кита тва / Мазда хшнаошаи Аҳура.

(Ба кадом замин рӯй оварам? Ба куҷо биравам? Пешвоён ва озодагон аз ман дур мешаванд. Аз барзгарон низ хушнуд нестам ва аз пайравони дурӯғ, ки фармонфармоёни кишваранд. Чӣ гуна туро, эй Маздо Аҳура, хушнуд созам?) («Ясно», ҳоти 46, банди 1).

«Спента майину гот»

вироиш

«Спента майину гот» («Ясно» ҳотҳои 47-50). Дар он 41 банди чормисраӣ мавҷуд аст. Ҳар мисраъ 11 ҳиҷо дорад ва диранг пас аз ҳиҷои чорум меояд. Мас.:

ваоча мои йа / твем видва Аҳура
пара ҳйат ма / йа менг перета ҷимаити
кат ашава / Мазда венгҳат дрегвантем
ҳа зӣ анҳеуш / вануҳи виста акеретиш

(Эй Аҳура, бигӯй ба ман он чиро, ки ту аз он огоҳӣ. Оё пеш аз фаро расидани рӯзи охират, эй Маздо, пайрави ростӣ бар дурӯғпараст пирӯз мешавад? Равшан аст, ки ин беҳтарин паёме дар зиндагӣ мебошад) («Ясно», ҳоти 48, банди 2).

«Воҳу хшатра гот»

вироиш

«Воҳу хшатра гот» («Ясно», ҳоти 51) 22 банди семисраӣ дорад; мисраи он аз 14 ҳиҷо иборат аст. Диранг дар миёни мисраъ, пас аз ҳиҷои ҳафтум меояд. Мас:

ноит урвата датоибйасча / карпано вастрат арем
гавои ароиш асенда / хваиш шйаотанашача сенгҳаишча
йе иш сенгҳо апемем / друҷо демане адат

(Карапанҳо ба дастурҳо ва ойини кишоварзӣ итоат намекунанд, ба чорпоён озор мерасонанд, бо гуфтору кирдори хеш, оне, ки дар поён ба хонумони дурӯғ мебарад) («Ясно», ҳоти 51, банди 14).

«Ваҳиштаишти гот»

вироиш

«Ваҳиштаишти гот» («Ясно», ҳоти 53) 9 банд дорад. Ин бандҳо аз ду мисраи кӯтоҳи дувоздаҳҳиҷоӣ (диранг пас аз ҳиҷои ҳафтум) ва ду мисраи дарози нуздаҳҳиҷоии дорои ду диранг (пас аз ҳиҷои ҳафтум ва чаҳордаҳум) иборатанд. Мас.:

темча ту Поуручиста / Ҳаечатаспана
Спитамаи йезиви дугедрам / Заратуштраҳе
ванҳеуш паитйастем мананҳо / ашаҳйа Маздасча /
таибйо дат сарем
ата ҳем ферашва тва хратва / спеништа / Армаитиш /
ҳуданварешва

(Ту, эй Поуручиста, аз дудмони Ҳаечатаспа ва хонадони Спитама, эй ҷавонтарин духтари Зардушт, ин (мард — Ҷомосп)-ро бо андешаи беҳу ростӣ ва Маздо барои ту ҳамчун сарвар баргузидааст. Акнун бо хирадат пурсуҷӯ кун ва порсоии муқаддасро ба хубӣ ба ҷо овар) («Ясно», ҳоти 53, банди 3).

Мазмун

вироиш

Дар «Готҳо» баробарии шумораи ҳиҷоҳои мисраъҳо посдорӣ шудаст, вале ба гунаи вазни арӯз ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳи мисраъҳо ба ҳамдигар мутобиқ нестанд. Мисраъҳои «Готҳо» баъзан бо садонок ба охир мерасанд ва оҳанги махсуси хониш доранд. Дар баъзе порчаҳои «Готҳо» унсурҳои қофия низ ба назар мерасад.

«Готҳо» аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа аз бахшҳои дигари Авесто фарқ мекунанд. «Готҳо» чун баъзе бахшҳои Авесто дуоҳои хушку холӣ ва аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа муҷаррад нестанд. Онҳо ҳамчун офаридаи як суханвари замон ба рӯҳу тақозои он давр созгоранд ва масъалаҳои иҷтимоиву сиёсӣ, ғояҳои он давр, афкору андешаҳои мардум дар онҳо то андозае бозтоб шудааст. Зардушт дар «Готҳо» касест, ки аз диди андешаву нигоҳ нисбат ба ҳамзамони хеш пешрафтаву ботадбир, хирадманд, чораҷӯй, кушоишгари сахтиҳои рӯзгор. Баъзе қабилаҳои мардуми эронинажод, аз ҷумла ниёгони тоҷикон, дар ин давра муқими шаҳру русто, бархе аз онҳо бодиянишин буданд. Муқимнишинон ба кишту варз ва чорводорӣ шуғл меварзиданд. Бодиянишинҳо ба онҳо ҳуҷум оварда, деҳоту хонаҳои ононро хароб мекарданд, молу милкашонро ғорат мекарданд, чорпоён ва мардумро бо худ мебурданд. Ҷангу хунрезӣ, оростани ҷашну базм пас аз ғоратгарӣ, куштани чорпоҳои ғаниматӣ машғулияти асосии онҳо буд. Дар «Готҳо» («Аҳунавити гот», махсусан «Ясно» ҳоти 29-30) ба муқобили ҳамин гуна ғорату куштор ва хунрезиҳо эътироз карда шудааст. Зардушт эътирози худро аз роҳи ташхис додани равони чорпоён (Геушурван) ифода кардааст. Геушурван ба Аҳура Маздо аз куштору хунрезии зиёд гила карда, хостори шахси нигаҳбон, кишоварзи хуб мебошад, то ки ӯро аз ин гуна рӯзгори дилфигор раҳоӣ бахшад. Дар «Ясно»-и 30 банди 8 Зардушт Йима (Ҷамшед)-ро барои ба мардум куштани чорпоён ва ҳӯрдани гӯшти онҳоро омӯхтанаш сарзаниш мекунад.

Зардушт дар «Готҳо» тарғибгари ободонии кишвар, ривоҷ додани кишту кор мебошад. Ӯ тарафдори он аст, ки мардум даст ба кор бошанд, гову гӯсфанд парвариш кунанд, аз бодиягардӣ парҳезанд ва зиндагии моддии худро беҳ намоянд. Дар «Готҳо» ғояи шоҳи одил, шаҳриёри хуб, сарваре, ки барои ободии кишвар кӯшо бошад ва мардумро аз ғоратгарону роҳзанон ҳимоят намояд, бавижа дар «Воҳухшатра гот» ифода ёфтааст. Тимсоли ин гуна подшоҳ Гуштосп — ҳомӣ ва пайрави Зардушт аст, ки дар «Готҳо» борҳо номаш омадааст ва ситоиш шудааст. Сарони қабилаҳои душман ҷодугар, насиҳатгарони онҳо пайравони дурӯғ мебошанд, ки мардумро гумроҳ менамоянд.

Дар бобҳои дигари «Готҳо» мавзӯъҳои гуногун баррасӣ шудаанд. Дар «Ясно»-и 30 оид ба пайдоиши ду мазҳар — некӣ ва бадӣ сухан рафтааст. Аз «Уштаваити гот» (ҳоти 44) мунозараи Зардушт бо Аҳура Маздо ҷолиб аст. Ин боби «Готҳо» ба тарзи пурсишҳои Зардушт аз Аҳура Маздо пиромуни пайдоишу зуҳури ҳодисаҳои табиат, масъалаҳои иҷтимоиву ахлоқӣ ва ғ. сохта шудааст. Бо ин роҳ Зардушт мақсаду мароми худро ифода кардааст.

Банде аз ҳоти 44:

Эй Маздо!
Инро аз ту мепурсам, маро ба дурустӣ [посух] гӯй:
Кадомин кас заминро дар зер нигоҳ дошт ва сипеҳрро
[бар фароз] ҷой дод, ки фурӯ наяфтад?
Кист, ки обу гиёҳро [биёфарид]?
Кист, ки боду абри тираро шитоб бахшид?
Эй Маздо!
Кист офаридгори маниши нек?

баргардони Ҷалили Дӯстхоҳ

«Мунозара бо Худо»-и Носири Хусрав ба ҳамин боби «Готҳо» монанд аст.

Дар бештари бобҳои «Готҳо» лаҳзаҳои зиндагии нависандаи онҳо — Зардушт бозтоб шудааст. Дар ҳоти 46 Зардушт аз камии пайравонаш, инчунин аз ҳоли танги иқтисодии худ шикоят кардааст. Дар «Ясно»-и 53 («Ваҳиштаишти гот») Зардушт ҳамчун падари меҳрубону насиҳатгар дар ҷашни арӯсии духтараш Поуручиста тасвир шудааст. Ӯ духтарону ҷавононро панд дода, онҳоро ба накӯкорӣ фаро мехонад (Ба ҳар яке аз шумост, ки дар партави Маниши нек, дар [роҳи] Аша аз дигаре пешӣ гирад. Бегумон, ин барои вай подоши некест. Баргардони Ҷалил Дӯстхоҳ)

Ба ҷуз аз Зардушт ва Поуручиста дар «Готҳо» инчунин номи Ҷомосп (домоди Зардушт), Фрашаоштра (бародари Ҷомосп), Спитама (номи хонаводагии Зардушт) ва номи дигар намояндагони қабилаҳо — бадхоҳони Зардушт — Усиҷ, Бендва, Карапан, Греҳма, Фриён омадааст.

Дар «Готҳо» аз воситаҳои тасвири бадеӣ — тазод, ташбеҳ, тавсиф, такрор ва ғ. истифода шудааст. Дар онҳо бавижа санъати тазод вобаста ба дугонагӣ (санавият, дуализм)-и дини зардуштӣ (муборизаи некӣ ва бадӣ) басо серистеъмол аст. Сермаъноии калима ва мафҳумҳо яке аз вижагиҳои ҷолиби «Готҳо» мебошад.

«Готҳо» аз замонҳои вироишу тадвини Авесто ба шакли китоби алоҳида чун сурудаҳои муқаддаси Зардушт ҷойгоҳи намоёну баландро соҳиб гаштаанд. Дар бахшҳои дигари Авесто («Вандидод», «Виспарад») онҳо ситоиш шудаанд. Дар дастнависҳо ва нашрҳои Авесто пас аз поёни як боб ва якчанд боби онҳо порчаҳои илҳоқие ба «Готҳо» афзуда шудаанд, ки онҳоро мубадони зардуштӣ ҳангоми парастишу ниёиш мехонданд. Дар Авесто се дуои муқаддаси дини зардуштӣ, ки манзуманд (ба вазни шеърии «Готҳо»), инчунин 7 боби мансури «Ясно», ки андаруни 17 боби «Готҳо» омадаанд (бобҳои 35-41) ва «Ясно», боби 42 (мансур) аз ҷиҳати қадру эътибор ба «Готҳо» баробаранд. «Ясно ҳаптанҳаити» аз рӯи забон ва тарзи ифода, таркибот ва қидмати замони таълиф ба «Готҳо» монанд мебошанд.

Баробари нахустин баргардон ва пажӯҳиши Авесто «Готҳо» низ мавриди назари донишмандон қарор гирифтанд, вале баъдан омӯзишу таҳқиқи онҳо нисбат ба дигар бахшҳои Авесто бештар ривоҷ гирифт ва пажӯҳишу баррасии онҳо як соҳаи авестошиносӣ гардид. «Готҳо» ба забонҳои лотинӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, гуҷаротӣ, баъзе бобҳо ва порчаҳояшон ба русӣ ва гурҷӣ (дар таҳқиқоти олимони русу собиқ шӯравӣ) ва форсӣ баргардон шудаанд.

Ба забони тоҷикӣ «Готҳо»-ро пажӯҳишгари тоҷик Бобоназар Ғаффор тарҷума карда, бо тавзеҳоти муфид ба табъ расондааст («Номаҳои бостон». Д., 2010).

«Готҳо» чун нахустин намунаи шеъри мардуми ориёӣ дар миёни пажӯҳишгарони Авесто, омӯзандагони зиндагиву эҷоди Зардушт мақоми арзандае доранд. Яке аз донандагони Авесто, мутарҷими ин асар ба забони форсӣ Алиакбар Ҷаъфарӣ пешниҳод дорад, ки ҳамаи тарҷумаҳои «Готҳо»-ро омӯхта, дар заминаи онҳо як баргардоне ба миён оварда шавад, ки ба матни асл ба куллӣ мувофиқ бошад.

Адабиёт

вироиш
  • Готҳо. Теҳрон, 1382 ш. (ба алифбои сириллик);
  • Бертельс Е. Э. История персидско-таджикской литературы. М., 1960;
  • Маковельский А. О. Авеста. Баку, 1960;
  • Никитина В. Б. и др. Литература Древнего Востока. М., 1971;
  • Брагинский И. С. Из истории таджикской и персидской литератур. М., 1972;
  • Поэзия и проза Древнего Востока. М., 1973;
  • Абаев В. И. Миф и история в Гатах Зороастра//Историко-филологические исследования. М., 1974;
  • Bartholomae Chr., Die Gathas des Awesta. Strassburg, 1905;
  • Anklesaria B., The holy Gathas of Zarathushtra. Bombay, 1953;
  • Humbach H. W., Die Gathas des Zaratustra. I—II, Heidelberg, 1959;
  • Insler S., The Gathas of Zaratuster. Teheran — Liege 1975;
  • Gnoly G., Zoroaster`s Time and Homeland. Naples, 1980;
  • پورداود. گاتها. بمبئ. ۱۳۰۵ ش.؛ همو. یاددااشتهای گاتها. تهران؛ ۱۳۳۶ ش.؛
  • رضی ها شم. زر تشت پیا مبر ایران باستان. تهران، ۱۳۸۰ ش.؛
  • سا سا نفر آبتین. گاتها. بر گردان هات نخستین. تهران، ۱۳۸۳ ش.ر.