Грамм-атом — адади граммҳои унсури кимиёӣ, ки баробар ба массаи атомии он аст. Масалан, грамм-атоми ҳидроген (массаи атомиаш 1,00797) баробар ба 1,00797 г, грамм-атоми уран (массаи атомиаш 238,03) баробар ба 238,03 г мебошад. Адади атомҳо дар як грамм-атоми ҳар як унсури кимиёӣ якхела ва мусовӣ ба адади Авогадро, яъне 6,02252·1023 аст. Дар ҳисобу китоби техникӣ бештар аз килограмм-атом ва тонна-атом истифода мекунанд (1 килограмм-атоми гидроген баробар ба 1,00797 кг аст). Ҳоло грамм-атом мувофиқи системаи воҳидҳои байналхалқӣ ба мол (атомҳо) иваз шудааст.

Сарчашма

вироиш