Грегаринаҳо
Грегаринаҳо (лот. Gregarinasina) — як гурӯҳи мавҷудоти якҳуҷайра. Мансуби синфи споравикҳои типи содатаринҳо (Protozoa).
Грегаринаҳо | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||
Gregarinasina Dufour, 1828 | ||||||
Мутародифот | ||||||
|
||||||
Отряды | ||||||
|
||||||
|
Грегаринаҳо дар рӯдаю ҷавфи бадани ҷонварони бемуҳра (бештар ҳалқакирмҳо ва ҳашарот) ва пардадорон зиндагӣ мекунанд (ҳаёти ангалӣ ба сар мебаранд). Бадани грегаринаҳо аз ҳуҷайраи яклухт иборат аст ва ё ба 2-3 қисм тақсим шудааст. Дар қисми қафои бадани онҳо, ки дейтомерит меноманд, ядро қарор дорад. Пеш аз дейтомерит протомерит ҷой гирифтааст, ки дар он ғурии эктоплазмавӣ — эпимерит ба мушоҳида мерасад (эпимерит барои ба бофтаи ҳомил часпидани грегаринаҳо пешбинӣ шудааст). Тани грегаринаҳоро ҷилди пурчин (пелликула) фаро гирифта, дар эктоплазмаи зери он сохторҳои фибриллавии гуногун ба мушоҳида мерасанд. Эндоплазма дона-дона буда, аз гликоген иборат аст. Грегаринаҳо серҳаракатанд ва ҳаракати онҳо ба кашиши фибриллаҳои эктоплазма вобастагӣ дорад.
Грегаринаҳо ба ду зерқатор ҷудо мешаванд: шизогрегаринаҳо (Schizogregarinida) ва грегаринаҳои аслӣ (Eugregarinida). Шизогрегаринаҳо камшуморанд; онҳо бо роҳи ғайриҷинсӣ — шизогония меафзоянд. Грегаринаҳои аслӣ сершумор буда, бо роҳи ҷинсӣ афзоиш мекунанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Грегаринаҳо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.