Грейпфрут
Грейпфру́т (лот. Cītrus paradīsi) — як навъ дарахти ҳамешасабзи субтропикӣ.
Грейпфрут | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Citrus.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Citrus paradisi Macfad. | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
Citrus pompelmos racemosus Risso et Poit. Citrus decumana var. racemosa Roem. Citrus racemosa Marc. Citrus maxima var. uvacarpa Merr. |
||||||||||||||||
Области культивирования грейпфрутов и помело (2005) | ||||||||||||||||
|
Грейпфрут вожаи англисӣ буда, маънояш ангур аст. Оид ба грейпфрут бори аввал соли 1750 ботаники рӯҳонӣ Гриффитс Хюҷес маълумот дода, онро «меваи мамнуъ» номидааст. Парвариши грейпфрут то нимаи аввали асри 20 дар ИМА, Мексика, Куба, Ямайка, Аргентина, Эквадор, Парагвай, Испания, Партугалия, Исроил, Кипр, Туркия, Марокаш, Алҷазоир, Тунис, Африқои Ҷанубӣ, Австралия, Зеландияи Нав ҷараён дошт. Дар ҳудуди ИДМ ниҳолзорҳои таҷрибавии грейпфрут дар Оҷористон ва Абхозистон вуҷуд доранд. Дар Тоҷикистон парвариши грейпфрут аз солҳои 40 расм шуд. Дар коллексияи рустаниҳои ситрусии Бунгоҳи таҷрибавии зироати субтропикии Вахш чанд навъи грейпфрут мавҷуд аст. Соле аз ҳар бехи он 100—120 дона мева мегиранд. Грейпфрут дарахти серхор буда, 8-12 м қад мекашад. Шохсораш мудаввари калон. Навдаҳои наврасаш сабзи хордор. Баргаш калон, байзашакл, ҷилодор. Гулаш сафед, калон, хушбӯй. Мевааш калон (то 500 г), дар хӯшаҳо 3-12-тоӣ ҷой гирифтааст; пӯсташ ғафс, зардча ё зарди сиёҳтоб, мағзаш сероб, ширини туршмаза. Дар таркиби меваи грейпфрут 1-2,5 % кислотаҳои органикӣ, 5-10 % қанд, ба миқдори зиёд витамини А, С ва Е мавҷуд аст. Шарбати грейпфрут иштиҳоовар буда, барои муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, зангила, дил (миокардит, эндокардит) манфиатбахш аст, ба кори узвҳои гувориш таъсири мусбат расонда, ғалаёни хунро паст мекунад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Грейпфрут / С. Гулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.