Гренаж (фр. grainage, аз graine — тухм, дона) — дар корхонаҳои махсус (заводҳои тухми кирмак ё худ стансияҳои кирмакдории селексионӣ) аз шапалаки кирми абрешим гирифтани грена (тухм).

Аз 1 кг пилаи шапалаки абрешим ҳангоми нигоҳубини баҳорӣ 58 г тухм мегиранд. Дар стансияҳои кирмакдории селексионӣ тухми зотӣ ва дар заводҳои тухми кирмак тухми саноатӣ тайёр карда мешавад. Дар стансия оилаҳои кирми абрешимро парвариш карда, кирмҳои беҳтаринро интихобан мегиранд ва ба касалии пебрина гирифтор будан ё набудани онҳоро таҳқиқ мекунанд. Сипас аз онҳо шапалак бароварда, тухмашонро мегиранд ва соли дуввум барои кирмак хобондан ба хоҷагиҳо месупоранд. Аз пилаи онҳо дар стансияҳои селексионӣ шапалак бароварда, тухми суперэлита ба даст меоранд. Соли севвум тухмҳои аз зимистон гузаштаро ба хоҷагиҳо фиристода, кирмак медоранд ва аз пилаи онҳо дар стансияҳои селексионӣ шапалак бароварда, тухми элитавӣ мегиранд (онро ба заводҳои тухми кирмак месупоранд). Заводҳои тухми кирмак аз стансияҳои кирмакдории селексионӣ тухми элитавиро қабул карда, дар хоҷагиҳои мутасаддӣ барои гирифтани тухми саноатӣ 2-3 зоти кирмакро парвариш мекунанд. Баъзе заводҳо тухми элитавиро худашон тайёр мекунанд. Коргарони завод аз ҳар гурӯҳи кирмаки зотӣ камаш 50-тоӣ кирмаки ҳанӯз инкишоф наёфтаи даҳаҳои 3, 4, 5-ро ҷудо карда, дар лаборатория ба касалии пебрина гирифтор будан ё набудаи онҳоро месанҷанд; дар сурати мушоҳида шудани касалӣ нигоҳубини кирмакро давом медиҳанд, вале чунин пиларо бо мақсади селексия истифода намебаранд. Дуруст ва мувофиқи қоида нигоҳубин кардани кирмак боиси афзоиши пила (аз 1 қуттӣ тухмӣ то 75-80 кг) мегардад. Пилаи ҳар гурӯҳи кирмакро алоҳида нигоҳ дошта, онро ба 4 навъ — тухмӣ, саноатӣ, пачақ ва нақсдор (пилае, ки кирмак ё зочааш аз ягон касалӣ ҳалок гардидааст) ҷудо мекунанд. Дар заводи тухми кирмак ё худ стансияи селексионӣ пиларо тӯб-тӯб баркашида, вазни миёнаи он, фоизи пилаи тухмӣ, ҳосилнокии пила (аз 1 қуттӣ тухмӣ) ва фоизи пилаҳои пачақро муайян менамоянд. Пилаҳое, ки ҷавобгӯи талабот нестанд, барои корҳои селексионӣ истифода бурда намешаванд. Пилаҳои зотиро низ аз назар гузаронида, пилаҳои бегонаро ҷудо мекунанд. Аз ҳар тӯб пилаи зотӣ 100-ададӣ пила гирифта, ба касалии пебрина гирифтор будан ё набудани онҳоро муқаррар месозанд (зочаи ҳар пиларо дар ҳовани алоҳида соида, зери микроскоп мебинанд ва дар сурати касал будани ҳатто 1 зоча тамоми гурӯҳи пилаи таҳқиқшавандаро сақат мекунанд). Баъди санҷиш тавассути асбоби махсус пилаҳои нарина ва модина ҷудо карда мешаванд (ҷинси баъзе пилаҳо мумкин аст номуайян монад). Шапалакҳоро дар катак ва катчаҳои махсус мебароранд. Катакҳо қуттиҳоеро мемонанд, ки девораҳои паҳлуяшон аз симтӯр аст; дарозиашон 125, баландиашон 85 ва барашон 5-6 см. Катчаҳо қуттиҳои чӯбин (110 х 80 см; баландиашон 10-12 см) буда, ба зери онҳо тӯри чашмакаш майда кашида шудааст. Катчаҳоро 4-5-тоӣ болои ҳам мегузоранд. Шапалакҳои аз пила баромадаро мувофиқи ҷинс алоҳида-алоҳида ҷамъ карда мегиранд. Аз ҳар гурӯҳ 100-тоӣ шапалак аз муоинаи лабораторӣ гузаронида мешавад. Сипас шапалакҳои модина ва наринаро ҷуфтӣ мекунанд. Шапалакҳои модинаи бордоршуда дар халтачаҳои коғазӣ, қуттӣ ё катчаҳо ҷой дода мешаванд. Дар он ҷо онҳо тухм мегузоранд.

Тамоми корҳоро дар ҳарорату намии муайян ба субут расондан лозим аст. Ҳарорат бояд 22-26°С, намӣ 60-75 % бошад. Коғази пергаментеро, ки дар он шапалакҳо бояд тухм монанд, бо эмулсияи собун рӯйпӯш мекунанд. Пас аз санҷиши лаборатории шапалакҳо тухми солимро оҳиста аз коғаз ҷудо карда мегиранд ва ба халтачаҳои докагӣ (100-200-граммӣ) андохта меовезанд. Як моҳ қабл аз зимистон тухмро дар об ва маҳлули 15%-аи намаки ош (бо мақсади ҷудо кардани тухмҳои нақсдор) шуста мехушконанд (дар таркиби тухмҳои шусташуда тухмҳои нақсдор набояд аз 0,5 % зиёд бошад). Пас аз он тухмҳоро ба халтачаҳои коғазӣ (25 ва 29-граммӣ) ва халтачаҳоро ба қуттиҳои картонӣ, кассета ё қуттиҳои махсус андохта, дар яхдон нигоҳ медоранд. Аз ҳар туб тухме, ки барои зимистонгузаронӣ пешбинӣ шудааст, бо мақсади санҷиши лабораторӣ намуна мегиранд. Дар сурати ошкор шудани касалии пебрина тамоми тухмҳои гурӯҳро оташ мезананд.

Дар Тоҷикистон аввалин заводи тухми кирмак соли 1919 дар ш. Хуҷанд сохта шуда буд. Соли 1922 дар ш. Душанбе низ чунин завод ба кор даромад. Солҳои 1938-40 дар ш. Хуҷанд бунёди заводи нав ба нақша гирифта шуд. Он бояд 25 ҳазор қуттӣ тухми кирмак истеҳсол мекард. Вале оғози ҶБВ ба кор халал расонд. Сохтмони завод соли 1957 анҷом пазируфт. Соли 1980 дар ш. Душанбе заводи нави замонавӣ ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори он 40 ҳазор қуттӣ тухми кирмак аст. Заводҳои тухми кирмаки ш.-ҳои Душанбе ва Хуҷандро бо тухми элитавӣ Стансияи зотпарварии тухми кирмаки ш. Ваҳдат таъмин месозад (маводро аз Стансияи таҷрибавии кирмакдории ноҳияи Бобоҷон Ғафурови АИКТ мегирад). Нигар низ Заводи тухми кирмаки Душанбе, Заводи тухми кирмаки Хуҷанд, Стансияи зотпарварии тухми кирмаки Ваҳдат, Стансияи таҷрибавии кирмакдории Бобоҷон Ғафуров.

Сарчашма

вироиш