Абрешим
Абрешим (порсӣ: ابريشم ) — матоъи мулоимест, ки аз риштаҳои абрешимӣ тайёр карда мешавад.
Риштаҳои абрешимӣ дар навбати худ аз кирмаки пилла коркард карда мешаванд. Абрешим дар Чин пайдо шуда, моли асосии тиҷоратӣ ба шумор мерафт. Абрешимро ба Аврупо бо воситаи Шоҳроҳи Абрешим меоварданд. Абрешим нахест, ки аз пилла ҳосил мешавад. Абрешим аз қадимулайём маълум аст. Дар Осиёи Марказӣ қариб чор ҳазор сол пеш кирмак парварида, абрешимро истеҳсол мекарданд. Хитоиҳои қадим абрешимро бинобар устуворӣ ва бадоштӣ хеле қадр менамуданд. Пиллаи аз ҳама қадимтарин аз бошишгоҳҳои давраи неолити минтақаи шимолии Шанси (2200—1700 то м.) ва намунаҳои аввалини матоъи абрешимӣ дар яке аз дахмаҳои Хитоии Ҷанубӣ (475—221 то м.) ёфт шудаанд. Замонҳои қадим муғулҳо аз абрешим зиреҳ тайёр мекарданд, ки ҷанговаронро аз зарби тир муҳофизат менамуд. Нахи абрешим аз ду ғоз — сафедаҳои махсуси фиброин (70 — 80 %) ва серитсин (20 — 30 %) иборат аст. Серитсин моддаи часпак буда, нахҳои фиброинро мечаспонад. Дар таркиби нахи абрешим мум, равған (1 — 1,5 %), намакҳои калий, натрий, калсий (1 — 1,5 %) низ мавҷуданд. Нахи абрешими як пилла 400—1200 м дарозӣ ва 25 — 30 мкм ғафсӣ дорад. Ғафсии абрешим ба миқдори нахҳои пилла, ки бо ҳам пайвастаанд, вобаста аст. Абрешим нахи табиии протеинӣ мебошад. Сифати абрешим ба зоти кирмак ва ғизои он вобаста аст. Абрешим сохти ҳуҷайравӣ надорад ва фарқи он аз дигар нахҳо дар ҳамин мебошад. Дар мавриди буридан, шакли секунҷаро дорад. Ранги абрешим вобаста ба зоти кирмак сафед, зард, гулобӣ, сабз мешавад. Ранги табиии абрешим нисбатан камдошт буда, зуд мепарад. Абрешим ба таъсири рӯшноӣ ва ишқор кам (дар маҳлули 5-фоизаи NaOH зуд вайрон мешавад), ба таъсири кислотаҳои минералӣ бештар тоб меорад. Дар ҳалкунандаҳои органикии муқаррарӣ ҳал намешавад. Абрешим бадошт ва чандиру ҷилодор буда, хосияти хуби диэлектрӣ ва гарминогузаронӣ дорад. Матои абрешимӣ муносибати махсус мехоҳад. Онро дар маҳлулҳои ишқордор тар кардан ва шустан мумкин нест; зери таъсири бевоситаи нури офтоб ранги матоъ парида, ноустувор мегардад. Абрешим дар саноати бофандагӣ, электротехника, авиатсия ва тиб истифода мешавад.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 1. АСОС-БОЗ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, — с. / Я. Самарқандӣ.
Адабиёт
вироиш- Абрешим / Я. Самарқандӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.