Григорий Айзикович
Григорий Айзикович Юревич (7 ноябри соли 1917, шаҳри Свердловск — 15 августи соли 1986, Душанбе) — меъмор, Меъмори хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1977).
Григорий Айзикович | |
---|---|
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 7 ноябр 1917 |
Зодгоҳ | Свердловск |
Таърихи даргузашт | 15 август 1986 (68 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кор ва дастовардҳо | |
Ҷоизаҳо | Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сазовор гардидааст. |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултети меъморию сохтмони Институти политехникии шаҳри Тошканд (1948). Дар муассисаҳои лоиҳакашии Тошканд (1948 – 1951) ва Ленинград (1951 – 1956) кор кардааст. Солҳои 1956 – 1968 сармеъмори лоиҳаҳо ва мудири шуъбаи лоиҳакашии таҷрибавӣ, 1968 – 1978 сармеъмор ва сармутахассиси Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрострой» буд. Дар факултети меъмории Институти политехникии Тоҷикистон дарс додааст (1962 – 1978). Айзикович дар равнақи санъати меъмории муосири тоҷик саҳми босазо гузоштааст. Лоиҳаи чандин бинои маъмурию маданӣ ва истиқоматии шаҳри Душанбе ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Меҳмонхонаи «Пойтахт» (1963 – 1965), бинои нави ДДОТ (1975), «Хонаи дӯстии Халқҳо» (1975) аз ҷумлаи онҳоанд. Дар тарбияи меъморониҷавони тоҷик хидмати арзанда намудааст.
Ордену ҷоизаҳо
вироишБо орденҳои «Нишони Фахрӣ», «Ситораи Сурх» ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сазовор гардидааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Айзикович Юревич Григорий // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.