Григорий Грумм-Гржимайло

Григорий Ефимович Грумм-Гржимайло (5 [17] феврал 1860[1], Санкт-Петербург[1]3 март 1936[2][1], Санкт-Петербург) — ҷаҳонгард, ҷуғрофиёдони рус, муҳаққиқи Чини Ғарбӣ, Помир, Бухорои Шарқӣ, Тиёншон (1884—1890), Муғулистони Ғарбӣ, Тува ва Шарқи Дур (1913—1914), Ходими шоистаи илми Федератсияи Русия (1928).

Григорий Грумм-Гржимайло
Таърихи таваллуд 5 (17) феврал 1860[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 3 март 1936(1936-03-03)[2][1] (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ҷуғрофиё[3], ҷонваршиносӣ[3], lepidopterist[d], ҷуғрофиёи табиъӣ[d][3], ҷуғрофиёи таърихӣ[3], political geography[d][3], энтомология[3], lepidopterology[d][3], Мардумнигорӣ[3] ва Саёҳат[3]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: номзади илм[1]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи донишкадаи физика ва риёзиёти Донишгоҳи Санкт-Петербург (1880—1884). Бо роҳбарии устодаш В. А. Вагнер, ки аз муҳаққиқони барҷастаи ҳайвоноти бемуҳра буд, ба ҳашаротшиносӣ рӯй овард, аммо аксари осораш ба ҷуғрофиёи табиӣ, сиёсӣ, таърихӣ ва мардумшиносии Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд. Солҳои 1920-31 ноиби президенти Ҷамъияти ҷуғрофиёии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Солҳои 1984-87 дар чандин экспедитсияи Осиёи Марказӣ иштирок кардааст: Соли 1884 ба Помир, Олой, Муғсу, Қаракӯл; соли 1885 ба ноҳияҳои кӯҳистони бекигарии Бухоро (Дарвоз, Кӯлоб, Қаротегин, Балҷувон, Қубодиён, Ҳисор, Шеробод, Ғузор, Қаршӣ); соли 1886 ба Тиёншони Ғарбӣ — Норин, Кошғар, Қарақурум саёҳат кардааст. Баъди анҷоми сафари худ асарҳои «Рисола оид ба кишварҳои назди Помир» (1886), «Помир ва олами ҳайвоноти лепидоптерологии он» (1890)-ро таълиф намуд. Соли 1887 дар экспедитсияи чорумини Помир ширкат варзида, чандин пиряхи саргаҳи дарёи Танимасро кашф ва баландии 20 қулларо муайян кардааст. Солҳои 1889-90 ҳайати экспедитсияро ба Осиёи Марказӣ сарварӣ намуда, натиҷаи ин сафарро дар китоби «Қайдҳои сафари Хитойи Ғарбӣ» (1896—1907) ҷамъбаст намудааст. Солҳои 1903-14 ба Муғулистони Ғарбӣ, Тува (кишвари Урянхай), Шарқи Дур ва минтақаҳои дигар сафар карда, асарҳои «Тасвири ноҳияи Амур» (1894), «Муғулистони Ғарбӣ ва кишвари Урянхай» (1914-30)-ро навишт. Грумм-Гржимайло маводди пурқимати илмиро дар бораи ҳашароти манотиқи таҳқиқшуда ба Осорхонаи зоологии Академияи илмҳои Русия супурда, сазовори медали нуқраи Ҷамъияти ҷуғрофиёии Русия ва узви пайвастаи он гардид. Дар бораи ин мусофирати илмӣ ҳамчунин мақолаҳои илмии ӯ бо номи «Bericht uber meine Reise in das Alai-Gebiet» («Memories» 11, 1885) нашр шуданд. Мушоҳидаҳои метеорологӣ анҷом дода, 214 намуди ҳайвоноти ширхор, ду намуди силовсин, як навъи хирс, чор навъи аспи Пржевалский, 1150 намуд паранда, 400 тухму лонаи онҳо, 100 навъи моҳӣ, 35 намуди ҳашарот, 850 намуди ҷинсҳои кӯҳиро кашф ва дар ҳаҷми 800 варақ намунаи рустаниҳоро (гербарий) ҷамъоварӣ кардааст.

Ағбае дар Сихотэ-Алин, ду пиряхи кашфшуда дар Тоҷикистон ва дар минтақаи Богдо-Ула ба шарафи Грумм-Гржимайло номгузорӣ шудаанд.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Грумм-Гржимайло Григорий Ефимович / А. Мирбобоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
  • Грумм-Гржимайло А. Г. Дела и дни Г. Е. Грумм-Гржимайло (путешественника и географа). М., 1947;
  • Большая советская энциклопедия. Т. 7. М., 1972;
  • Новая российская энциклопедия. Т. V (1). М., 2008;
  • Вехов Н. В. Братья Грум-Гржимайло//Московский журнал. 2013. № 2.