Григ Эдвард Хагеруп
Григ Эдвард Хагеруп (15.06.1843, Берген – 4.09.1907, ҳамон ҷо) — композитори барҷастаи норвежӣ, пианинонавоз, дирижёр ва асосгузори мусиқии классикӣ. Узви Академияи мусиқии Шветсия (1872), Академияи ҳунарҳои нафисаи Фаронса (1889), Академияи Берлин (1897). Доктори фахрии донишгоҳҳои Кембриҷ (1893) ва Окфорд (1906).
Григ Эдвард Хагеруп | |
---|---|
норвегӣ: Edvard Hagerup Grieg | |
![]() | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | норвегӣ: Edvard Hagerup Grieg |
Таърихи таваллуд | 15 июн 1843[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 4 сентябр 1907[1][2][3][…] (64 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, пиёнунавоз |
Соз | фортепиано |
Сабк | мусиқии килоссик[d] |
Ҷоизаҳо | |
Соядаст | |
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Маълумоти мусиқиро дар Консерваторияи Лейпсиг (1858-62) гирифтааст (устодонаш: композитсия К. Рейнек ва фортепиано И. Мосиелес). Солҳои 1880-90 ҳамчун композитор ва навозанда дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кард. Григ дар осори хеш самтҳои асосии рушди фарҳанги мусиқии кишварашро пешниҳод намудааст. Ӯ мусиқии миллии норвегиро ба дараҷаи мусиқии классикии ҷаҳонӣ расонд, мусиқии халқиро эҷодкорона аз нав такмил дод.
ЭҷодиётВироиш
Осори Григ композитсияҳои сершумори гуногунжанрро дар бар мегирад. Асари маъруфи ӯ мусиқии драмаи «Пер-Гюнт»-и Г. Ибсен (1875) мебошад, ки дар ҷаҳон машҳур аст. Консерт барои фортепиано бо оркестр (1868), Рақсҳои венгерӣ барои оркестри симфонӣ (1893), симфония (1864), увертюраи «Дар тирамоҳ» (1885); консерт барои фортепиано бо оркестр (1868), ан-самблҳои камеравӣ – 3 соната барои скрипка ва фортепиано (1865, 1867, 1887), квартети торӣ (1878), «Пиесаҳои лирикӣ» (барои фортепиано) дар 10 дафтар (1867-1901), тақр. 100 суруду романс; такмили сурудҳои мардумӣ; ҳамчунин мақолаву очеркҳое, ки ба Ҷ. Верди, В.А. Мотсарт, Р. Шуман, Р. Вагнер бахшида шудаанд.[6]
ЭзоҳВироиш
- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ 3.0 3.1 Norsk biografisk leksikon (бук.) — Kunnskapsforlaget.
- ↑ 4.0 4.1 Григ Эдвард // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 5.0 5.1 https://www.digitalarchivioricordi.com/it/people/display/9252 — 1808.
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.105-106. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)