Группетто
Группе́тто (итол. gruppetto — мухтасар) — чоровоза ва панҷовозаи мухтасаршуда аз гурӯҳи оҳангҳои ороишӣ, ки бо аломати ~ ишора мешавад. Группетторо оҳангсозон ҳамчун аломати рамзӣ истифода мебаранд. Группеттои чоровоза ғайр аз овози аввал ё охир (якум ё панҷум) дигар овозҳоро пурра дар бар мегирад. Агар овози иловагӣ алтератсионӣ (тағйирёбанда ё пасту баландшаванда) бошад, дар он сурат аз боло ё аз поёни группетто аломати тағйирдиҳандаи ё гузошта мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Группетто / Ш. Ҳабибов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.