Губерния — воҳиди марзию маъмурии калон дар баъзе мамлакатҳо.

Дар давлати Русия губернияҳо аз соли 1708 ташкил ёфта, то барпо гардидани ҳокимияти шӯравӣ амал мекарданд. Дар оғози асри 20 дар Русия 77 губернатор мавҷуд буд, ки 49-тои онҳо бевосита аз марказ идора гардида, боқимондаашон ба ҳайати генерал-губернаторӣ ё кишвар дохил мешуданд. Губернияҳо ба уездҳо ҷудо мешуданд. Соли 1917 аз 78 губерния 20-тоашон ба ҳайати давлатҳои Лаҳистон, Финляндия ва Назди Балтика гузаштанд. Солҳои 1923–1929 ба ҷои губернияҳо кишварҳо ва вилоятҳо ташкил карда шуданд. Ҳоло дар Русия губернияҳо нестанд, бо вуҷуди ин сарвари баъзе кишварҳо, вилоятҳо ва дигар субъектҳои Федератсия Русия губернаторҳо мебошанд.

Дар аввали солҳои 60 асри 19 вилоятҳои шимолӣ ва марказии Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди имрӯзаи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистонро Русияи подшоҳӣ забт карда, ба тасарруфи худ даровард. Соли 1867 дар ин ҷо Генерал-губернатории Туркистон бо усули идоракунии «ҳарбӣ–халқӣ» ташкил карда шуд. Сарвари генерал-губернатории Туркистон генерал-губернатор ва сардори вилоятҳо губернаторҳои ҳарбӣ буданд. Низоми идоракунии генерал-губернаторӣ тибқи Низомнома дар бораи идоракунии кишвари Туркистон аз солҳои 1867 ва 1886 ба роҳ монда шуда буд. Генерал-губернатории Туркистон бо фармони Ҳукумати муваққатии Русия 31 марти 1917 барҳам дода шуд.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Большой юридический словарь. М., 1999;
  • Конституционное право. Энциклопедический словарь. М., 2001.