Гузари Тор
(Тағйири масир аз Гузаритор (деҳа, н. Темурмалик))
Гузари Тор — деҳа дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик. Аз Гузари Тор то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 30 км. Аҳолиаш 1453 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Темурмалик |
Ҷамоат | Деҳоти Кангурт |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1453 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3314 |
Нишонаи почта | 735340 |
Гузари Тор нуқтаҳои савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта ва осиёби барқӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Кангурт таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо лалмӣ мебошанд. Дар ҳудуди деҳа 4 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Шахсиятҳои маъруф
вироишодими хидматнишондодаи санъати Тоҷикистон, оҳангсоз Абдуфаттоҳ Одинаев, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Шариф Қурбонов ва Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Давлатов дар ҳамин деҳа зода шудаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гузари Тор // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2