Гузари Боло
(Тағйири масир аз Гузари Боло (деҳа, н. Қубодиён))
Гузари Боло — деҳа дар ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён. Аз Гузари Боло то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия аз 1 км камтар; роҳ мошингард. Аҳолиаш 5437 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Қубодиён |
Ҷамоат | Деҳоти Носири Хусрав |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 5437 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3251 |
Нишонаи почта | 735140 |
Иқтисод
вироишГузари Боло мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 7 нуқтаи савдои хусусӣ, 2 масҷиди панҷвақта, 2 сартарошхона, 3 осиёби барқӣ, коргоҳи дӯзандагӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 18 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва заводи хурди коркарди пахта мавҷуд аст.
Шахсиятҳои маъруф
вироишШоир Сайдулло Амин, Омӯзгори хидматнишондодаи ҷумҳурӣ Норбӣ Атоева зодаи ҳамин деҳа мебошанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гузари Боло // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2