Гулафшон
Гулафшон, пурпура (лот. purpura) — як навъ беморӣ, мансуб ба диатезҳои хунрез аст.
МКБ-10 | D69. |
---|---|
МКБ-9 | 287 |
DiseasesDB | 25619 |
MedlinePlus | 003232 |
eMedicine | / |
MeSH | D011693 |
Гулафшон бинобар дар хун кам шудани миқдори тромботситҳо ва халал ёфтани лахтабандии он падид меояд. Ҳангоми гулафшон дар пӯст, таҳти пӯст ва луобпардаҳо хунрезиҳои мӯйрагӣ ба мушоҳида мерасанд. Хунрезиҳо метавонанд ба сурати нуқта-нуқта (петехия), рахшакл (вибекс), доғҳои хурд (экхимозҳо) ва калон (хуномос) падид оянд. Хусусан хунрезиҳои нуқтамонанд ва лаккаҳои хурди қутрашон то 1 см бештар мушоҳида мешаванд. Гулафшон гоҳе бемории мустақил аст (бемории Верлгоф); ҷараёни он музмин буда, бештар дар занҳо ба мушоҳида мерасад. Ба пайдоиши гулафшон нисбат ба тромботситҳо ҳосил шудани подтан ва дар сипурз таҷзия гаштани онҳо, инчунин тағйир ёфтани девораи рагҳо (бинобар нест шудани қабати тромботситҳо) мусоидат мекунанд. Ҳангоми гулафшони доруӣ, ки бар асари истифодаи аналгетикҳо, сулфаниламидҳо ва хинин сар мезанад, тромботситҳо андаруни рагҳо таҷзия мешаванд (дар натиҷаи ҳосил шудани подтан нисбат ба маҷмаи «дору — тромботсит»). Гулафшони алоимӣ ҳангоми домана, эндокардит, спленомегалия, лейкоз ва ғ. рух менамояд. Гулафшон бештар дар андомҳои поинӣ -пойҳо падид меояд. Вобаста ба катаболизми ҳемоглобин бо мурури вақт ҳасба тағйир меёбад. Аввал ранги унсурҳо сурх, минбаъд бунафш, ҷигарӣ ва рӯзҳои 7-10-ум зард мешавад. Дар сурати бо ангушт пахш кардан, унсурҳои хунрез нест намегарданд.
Гулафшонро бо кортикостероидҳо ва доруҳои хунбанд муолиҷа мекунанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулафшон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.