Гулафшон (деҳа, н. Восеъ)

Гулафшон (собиқ Қӯчқорбулоқ, то 15.12.2011) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ. Аз Гулафшон то маркази ҷамоат 33 км, то маркази ноҳия 43 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 631 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулафшон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Восеъ
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Қӯчқорбулоқ
Аҳолӣ
Аҳолӣ 631 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3311
Нишонаи почта 735140

Иқтисод вироиш

Гулафшон мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Баҳористон ва мактаб-интернати ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо ‒ лалмӣ.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш