Гулбибӣ Абдулхайрова
Абдулхайрова Гулбибӣ Бобомуродовна (1 январи 1976, деҳаи Чортеппа, ноҳияи Ленин) — ҳунарпешаи театр. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2022).
Гулбибӣ Абдулхайрова | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Абдулхайрова Гулбибӣ Бобомуродовна |
Таърихи таваллуд: | 1 январ 1976 (48 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Рӯдакӣ, НТҶ, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳаҷвнигор |
Зиндагинома
вироишСоли 1997 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм намуда, дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ҳунар меозмояд. Дар спектаклҳои «Аҳмади бинӣ», «Ба пеш холаҳо», «Марги ду тан», «Заволи Чамбули Мастон», «Киштишикастагонем», «Бегоҳи шанбе», «Торҳои муҳаббат», «Тири маломат», «Зани сарватманд», «Меҳмони нохонда», «Моҷарои имтиҳон», «Моҷаро», «Шоҳдухтар Фефела», «Харгӯши доно», «Аловиддин ва чароғи сеҳрнок» ва ғайраҳо нақш бозида, собит сохт, ки аз сабукборони соҳил нест.
Бинандагон аз ғайрати эҷодиаш дар барномаи телевизионии «Лаҳзаҳои гуворо» солиён боз лаззат мебаранд, бешак, маҳорат ва лаёқаташ дар мазҳака баланд аст, аз миёни бонувон ошнотарин чеҳраи ҳунар маҳсуб меёбад.
Ҷоизаҳо
вироишБо медали «Хидмати шоиста» қадр шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.