«Гулбонги паҳлавӣ» (форсӣ: گلبانگ پهلوی‎) — аз навоҳои маъруфу муассири даврони Борбади Марвазӣ.

Бинобар ёддошти манобеи хаттӣ, Борбад ин наворо ба авзони паҳлавиёти худ (яъне, тан тан тан — танан тан тан — танан тан) муназзам кардааст. Мурод аз «Гулбонги паҳлавӣ» лаҳн, ё роҳ, ё суруди паҳлавӣ (фаҳлавӣ, фаҳлавийя, фаҳлавиёт) мебошад. Ба гуфтаи Ҳусайналии Маллоҳ «Гулбонги паҳлавӣ» дар дастгоҳи чаҳоргона баъд аз «ҳадӣ» ва қабл аз «раҷаз» ё «арҷуза» хонда ё навохта мешавад. Ҳофиз мефармояд:

Булбул зи шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ
Мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ...
Мурғони боғ қофиясанҷанду базлагӯ,
То хоҷа май хӯрад ба ғазалҳои паҳлавӣ.

Дар ҳунари мусиқии замони Борбад ду навъи навову суруд дар сабки «Гулбонги паҳлавӣ» ривоҷ доштааст. Яке — таронаҳои шаҳрӣ ё худ sharuvah (яъне, устодона, шаҳргуна, муназзаму мумтозона) ва дигаре ивомтурикон (evamturikan — рустоӣ, кӯчабоғӣ, мардумӣ). Таронасароёни шаҳрӣ ғолибан ромишгарони ҳирфаӣ буда, барномаашон бар пояи қавонии мусиқии устодона будааст. Таронасароёни рустоӣ (rustak tranaksray) бештар ба равишу суннатҳои мутрибии рустоӣ ё мардумӣ пайравӣ мекарданд. Шамси Қайси Розӣ (дар «Ал-муъҷам») менигорад, ки "Аҳли Ироқро ба иншову иншоди адабиёти паҳлавӣ машғул ёфтам ва ҳеч чиз дар онҳо тавре асар намекунад, ки лаҳне «Уроман» (ароманӣ) ва байти паҳлавию захми рӯду суруду самои «Хусравӣ» («Хусравонӣ»). Дар русуми эҷодию иҷроии мусиқии тоҷик аз даврони куҳан то имрӯз ин ду шохаи навову овоз мавриди истифода буда, дар Афғонистону Эрон низ ривоҷ доранд.

Адабиёт

вироиш