Гулбоғ (деҳа, н. Вахш)
Гулбоғ (собиқ Яккадин) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш. Аз Гулбоғ то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 14 км; роҳ асфатлпӯш. Аҳолиаш 809 нафар (2009), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Вахш |
Ҷамоат | Деҳоти Ваҳдат |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Яккадин |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 802 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3246 |
Нишонаи почта | 735140 |
Иқтисод
вироишДеҳа масҷиди панҷвақта ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Гулбоғ мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Деҳқонобод таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Қумсангир обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулбоғ 40 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулбоғ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2