Гулбоғ (деҳа, н. Ғафуров)
Гулбоғ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дадобой Холматови ноҳияи Ғафуров. Аз Гулбоғ то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 35 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 490 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Ғафуров |
Ҷамоат | Деҳоти Дадобой Холматов |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 490 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3442 |
Иқтисод
вироишБунгоҳи тиббӣ ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Заркорон таҳсил мекунанд. Соҳаҳои аосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, токпарварӣ. Заминҳо аз дарёи Сир обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулбоғ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2