Деҳоти Дадобой Холматов

Ҷамоати Дадабой Холматов ҷамоатест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон.

ҷамоат
Ҷамоати Д. Холматов
Ҷамоати Дадабой Холматов (собиқ Пахтакор)
Нишон
Нишон
Кишвар  [[|]]
Тобеъи Ноҳияи Ғафуров
Шомили 1 шаҳрак, 5 деҳа
Маркази маъмурӣ шаҳраки Заркорон
Таърих ва ҷуғрофиё
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TJ.SU.
Коди телефон +992 3135
Нишонаи почта 735610
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 02 TJ
Ҷамоати Д. Холматов дар харита

Сохтори маъмурию ҳудудии ҷамоат

вироиш

Ҷамоати деҳоти Дадабой Холматов аз се деҳкада – Обшорон, Сумчак ва Куйбишев иборат мебошад. Аҳолии Ҷамоат 12755 нафар буда, 20300 хоҷагиро дар бар мегирад. Шуғли асосии мардум деҳқонӣ, истеҳсоли меваҷот ва зироатҳои полизӣ мебошад. Сумчак яке аз деҳаҳои ободи Ҷамоат ба ҳисоб меравад. Вай имрӯз ба макони меваҳои шакарин табдил ёфтааст. Асосгузори ин макон Дадобой ном деҳқони паҳлавонсифат ва ҷавонмарди дилсӯз аст, ки маҳз бо ташаббуси шахсии ӯ имрӯз мавзеъҳои хоҷагии ҷамоавии ба номи Абдулло Раҳимбоев, «Палос» ва «Сомғор» шодоб ва ободу зебо гаштаанд. Холматов Дадобой чун деҳқони асил дар ободии деҳаҳои колхоз матонати калон нишон додааст. Вай яке аз дӯстони наздики ду карат Қаҳрамони меҳнати сотисалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев буда, барои тадриҷан тараққӣ кардан ва сол ба сол обод шудани қишлоқҷойҳо ҳиссаи калон гузоштаанд. Дар ҳудуди Ҷамоат се мактаб, се муассисаи томактабӣ, 1 адад клуб, ду адад китобхона, 1 адад варзишгоҳ, 15 адад нуқтаҳои савдо ва хӯрокворӣ, як беморхона, як дармонгоҳ мавҷуд мебошад. Миёнаи солҳои 60-умин афзоиши масоҳати токзорон ва парвариши ангури навъҳои шаробшаванда дар совхози «Сомғор» сохтани заводи нави винобарориро тақозо намуд. Айни замон заводи винобарории «Сомғор» фаъолияти пурсамар дошта, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Д.Холматов ҳамчун коргоҳи истеҳсолии номдор машҳур мебошад. [1]

Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо

вироиш

Мардум

вироиш
Сол 2015[2]
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
12,9

Деҳоти ҷамоат

вироиш
Ҷамоати Д. Холматов
Деҳа Аҳолӣ
шаҳраки Заркорон
Гулбоғ
Даштобод
Доманакӯҳ
Обшорон
Чашмаи Арзона

[3]

  1. Ҷамоати Д. Холматов. 1 феврали 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 Декабри 2017.
  2. Demography. untj.org. 26 Декабри 2022 санҷида шуд.
  3. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.