Гулдара (деҳа, н. Восеъ)
Гулдара — деҳа дар ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ. Аз Гулдара то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 35 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 448 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Восеъ |
Ҷамоат | Деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 448 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3311 |
Нишонаи почта | 735140 |
Иқтисод
вироишГулдара мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, осиёби барқӣ, бунгоҳи тиббӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Тосқалъаи ҳамин ҷамоат ва деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Сурхоб обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулдара 2 хоҷагии хурди чорвопарварӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулдара // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2