Гулзор (деҳа, н. Муъминобод)

Гулзор — деҳа дар ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод. Аз Гулзор то маркази ҷамоат 8 км, то маркази ноҳия 32 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 23 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулзор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Муъминобод
Ҷамоат Деҳоти Чилдухтарон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 23 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3318
Нишонаи почта 735140

Иқтисод

вироиш

Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Шаҳрак таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаи Гулзор обёрӣ мешаванд.

Мардум

вироиш

Аҳолиаш солҳои 1950 барои обод кардани заминҳои бекорхобида ва васеъ намудани заминҳои пахта ба ноҳияи Восеъ кӯчида, деҳа беодам монда буд. Мардум аз соли 1990 ба деҳа баргашта, онро обод карданд.

Сарчашма

вироиш