Гулзор (деҳа, н. Носири Хусрав)
Гулзор — деҳа дар ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав. Аз Гулзор то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 4 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 392 нафар (2017), тоҷикон. Соли 2006 таъсис ёфтааст.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Носири Хусрав |
Ҷамоат | Деҳоти Фирӯза |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 392 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3258 |
Нишонаи почта | 735140 |
Иқтисод
вироишНуқтаи савдои хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраки Баҳор таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деза 11 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулзор // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2