Гулизор (деҳа, н. Рӯдакӣ)
Гулизор — деҳа дар ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Гулизор то маркази ҷамоат 15 км, то маркази ноҳия 33 км; роҳ мошинбилгард. Аҳолиаш 450 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Рӯдакӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Султонобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 450 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3137 |
Иқтисод
вироишБунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаи савдои хусусӣ ва мактаби таҳсилоти умумии асосӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраки Сомониён давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо ‒ лалмӣ.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулизор // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2