Гулистон (деҳа, н. Абдураҳмони Ҷомӣ)
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 18 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 920 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Абдураҳмони Ҷомӣ |
Ҷамоат | Ҷамоати Дӯстӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 920 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон, ӯзбакҳо |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3243 |
Дар ҳудуди хоҷагии давлатии ниҳолпарварии ба номи Рустами Абдураҳим воқеъ аст. Деҳа солҳои 1978–1979 таъсис ёфта, мардумаш аз ноҳияҳои Колхозобод ва Қумсангир кӯчидаанд.
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти умумии асосӣ, масҷиди ҷомеъ, чойхона-фароғатгоҳ, нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ғалаба давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш тавассути нақби Парчасой обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5