Гулистон (деҳа, н. Зафаробод)
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод. Аз Гулистон то маркази ноҳия 18 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 5411 нафар (2017).
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Зафаробод |
Ҷамоат | Деҳоти Равшан |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 5411 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3452 |
|
Таърих
вироишГулистон соли 1968 ташкил шуда, аҳолиаш аз водии Яғноби ноҳияи Айнӣ бо мақсади обёрӣ ва васеъ намудани заминҳои пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳоҷир карда шудаанд.
Мардум
вироишСол | 2010[1] | 2020[1] |
Аҳолӣ | 8928 | 6155 |
Иқтисод
вироишГулистон мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, осиёби хусусӣ, масҷиди ҷомеъ ва 4 масҷиди панҷвақта, китобхона, хонаи фарҳанг, нуқтаҳои хидмати маишӣ ва савдои хусусӣ, ҳаммом, ошхона, нуқтаи қабули пахта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳояш қисман аз чоҳҳои амудӣ ва аз дарёи Сир ба воситаи лӯлаҳои обкаш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 210 хоҷагии хурди деҳқонӣ, корхонаҳои коркарди пахтаи ҶСП «Деҳқон», равғанбарории «Ҳазораи Сомон» ва ҶДММ «Зафаробо-инвест» мавҷуданд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020(рус.). 30 марти 2024 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2