Ноҳияи Зафаробод — яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд аст. Маркази ноҳия шаҳраки Зафаробод. Ноҳия 20 декабри 1965 ташкил шудааст. Аҳолӣ: 82 900 нафар. Масоҳат: 441,0 км². Масофа: аз маркази ноҳия то Хуҷанд 106 км.

Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Зафаробод
Зафаробод
40°09′40″ с. ш. 68°48′08″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Суғд
Шомили 2 шаҳрак, 3 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Зафаробод
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 20 декабри 1965
Масоҳат 441,0 км² км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 77400[2] нафар (2022)
Зичӣ 168,5 кас нафар/км²
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон-суннҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа ZA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.SU.ZA
Коди телефон +992 3452
Нишонаи почта 735600
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 02 TJ
Ноҳияи Зафаробод дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷойгоҳ вироиш

Иқлим вироиш

Таърих вироиш

Ноҳия солҳои 1960-1965 ташкил шудааст. Оғози солҳои 1970 аз водии Яғноб мардум ба ин ноҳия муҳоҷир шудаанд. Ба ноҳия аз дигар шаҳру навоҳии гирду атроф (аз ҷумла, аз ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Хуҷанд, Ғончӣ ва аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон омада, муқимӣ гаштаанд. Дар даврони шӯравӣ дар ноҳия намояндагони дигар халқу миллат (аз ҷумла, русзабону кореягиҳо, тотору чувашҳо ва ғайра) низ истиқомат мекарданд. Алҳол асоси ноҳияро мардуми тоҷикзабон ва ӯзбекзабон ташкил медиҳад. Дар солҳои аввали азхудкунии биёбони Мирзочӯл дар ин мавзеъ ҳамагӣ ду деҳа бо 60 хоҷагӣ вуҷуд дошт. Алҳол, баъди гузашти зиёда аз ним аср ноҳия дорои 18 деҳа, се шаҳрак ва даҳҳо маҳалҳои аҳолинишин мебошад.

Вазъи демографӣ вироиш

Шумораи аҳолии ноҳия дар бисту панҷ соли истиқлол беш аз 25 ҳазор нафар зиёд гардида, аз 44 ҳазор нафари соли 1991 имрӯз қариб ба 70 ҳазор нафар расидааст.[3] Аҳолии ноҳия бино ба маълумоти оморӣ 67 400 нафар, аз ҷумла дар шаҳракҳо — дар шаҳраки Зафаробод (17,2 ҳаз.), Меҳнатобод (10,8 ҳаз.), Суғдиён (10,0 ҳаз.) — 56,4 % ҷамъ 38 000 нафар буд (1 январи соли 2015).[4]

сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
65,8 67,4 74,2 75,9

Бахшбандӣ вироиш

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Зафаробод 3 ҷамоати шаҳрак ва 2 ҷамоати деҳот дорад[5]:

Шаҳраку ҷамоатҳои ноҳияи Зафаробод
Ҷамоат Аҳолӣ (2020)[6]
Зафаробод 27,148
Меҳнатобод 13,208
Суғдиён 11,500
Ҷомӣ 7,264
Равшан 16,363

Ҳукумат вироиш

Сарвари ноҳияи Зафаробод Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Зафаробод Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Ғончӣ барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисод вироиш

Зафаробод ноҳияи аграрӣ буда, кишоварзӣ шуғли асосии сокинони он ба ҳисоб меравад. Парвариши пахта, яке аз соҳаи сердаромад ва содиротӣ ноҳия мебошад. Зеро зиёда аз 90 фоизи маҳсулоти саноатии ноҳия аз истеҳсоли пахта вобаста аст. Ғайр аз ин, пахтакорӣ сарчашмаи муҳайё кардани ҷойи корӣ ва манбаи хуби даромади аҳолӣ мебошад. Қисми бештари заминҳои ноҳияи Зафаробод бо усули обёрии мошинӣ бо об таъмин карда мешавад.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Зафаробод ягон корхонаи саноатӣ вуҷуд надошт. Дар зарфи 25 сол дар ноҳия 15 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд, ки дар онҳо садҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Аксари корхонаҳо фаъолияти мавсимӣ дошта, дар давоми сол ҳамагӣ чор-панҷ моҳ кор мекунанд.[3]

Роҳҳои мошингард вироиш

Дар солҳои 2014-2016 бо мақсади ҳалли мушкилоти мардуми ноҳияи Зафаробод барои иртибот бо пойтахти кишвар роҳи мошингарди Зафаробод — Истаравшан пурра таъмир карда шуд. Фосилаи роҳи мазкур 22 километр буда, имрӯз рафтуомади сокинони ноҳияи Зафарободро бамаротиб осон намудааст.[3]

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 19 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. 3.0 3.1 3.2 Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Зафаробод. 15 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 сентябри 2016.
  4. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 2 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  5. Феҳристи ҷамоатҳо. UN Coordination, Tajikistan. 29 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2012.
  6. МАЪЛУМОТ оид ба номгўи ҷамоатҳо ва шумораи аҳолии ноҳияи Зафаробод то 01.01.2020 сол. www.mihd-zafarobod.tj. 27 марти 2023 санҷида шуд.