Гулистон (деҳа, н. Исфара)
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Кӯлканди ноҳияи Исфара. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 7 км; то маркази вилоят 118 км, роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2636 нафар (2017).
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Исфара |
Ҷамоат | Деҳоти Кӯлканд |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 2636 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3462 |
Таърих
вироишДеҳа солҳои 1980 ташкил шуда, мардумаш аз деҳаҳои Кӯлканд, Навгилем, Чилгазӣ ва шаҳри Исфара омада, онро обод кардаанд.
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, 3 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта, муассисаи фарҳангию фароғатӣ, 1 дукони нонпазии хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри 50-солагии Тоҷикистон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон як хоҷагии коперативии ба номи Фахриддин Нуриддинов мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2