Гулистон (деҳа, н. Темурмалик)

Гулистон (собиқ Гулбулоқ, то 11.12.2012) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 28 км, то маркази вилоят 110 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 115 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Темурмалик
Ҷамоат Деҳоти Бобоюнус
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 115 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3314
Нишонаи почта 735340

Иқтисод

вироиш

Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии асосии деҳаи Яккасада ва мактаб-интернати Кангурт таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо лалмӣ.

Таърих

вироиш

Гулистон соли 1930 таъсис ёфтааст. Аҳолиаш аз ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг кӯчида, бо сарварии раиси колхоз А. Забиров деҳаро обод кардаанд.

Сарчашма

вироиш