Гулистон (деҳа, н. Шаҳристон)

Гулистон (собиқ Қарабчӣ, то 29.3.2012) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон. Аз Гулистон то маркази ноҳия 2,5 км, то вилоят 102 км; роҳ асфалтпӯш.. Аҳолиаш 2151 нафар (2017).

Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Шаҳристон
Ҷамоат Деҳоти Бунҷикат
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Қарапчӣ
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2151 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3456

Иқтисод

вироиш

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, китобхона, нуқтаҳои хидмати маишӣ, 3 нуқтаи савдои хусусӣ ва чойхонаи ба номи Ҳомид Пӯлодов дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Шаҳристон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 104 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Сарчашма

вироиш