Гулистон (деҳа, н. Шаҳритӯс)

Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритӯс. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 2 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 506 нафар (2017), тоҷикон. Соли 1982 таъсис ёфтааст.

Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Шаҳритӯс
Ҷамоат Деҳоти Худойназар Холматов
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 506 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3240

Иқтисод

вироиш

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта ва бунгоҳи тиббӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон тавассути наҳри Шаҳритӯс обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон хоҷагии деҳқонии «Себистон» мавҷуд аст.

Сарчашма

вироиш