Гулистон (деҳа, н. Ҳамадонӣ)

Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Ҳамадонӣ. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 2 км, маркази ноҳия 7 км, то маркази вилоят 150 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1994 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Ҳамадонӣ
Ҷамоат Деҳоти Қаҳрамон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1994 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3315
Нишонаи почта 735370

Гулистон соли 1957 ташкил шуда, аҳолиаш аз деҳаи Мулоёби ҷамоати деҳоти Ёли ноҳияи Шӯрообод кӯчидаанд.

Иқтисод

вироиш

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, 4 нуқтаи савдои хусусӣ, сартарошхона, китобхона ва 2 осиёби барқӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 115 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуданд.

Сарчашма

вироиш