Гулистон (деҳа, ҷ. Меҳнатобод, н. Ҳамадонӣ)

Гулистондеҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 14 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2240 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Ҳамадонӣ
Ҷамоат Деҳоти Меҳнатобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2240 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3315
Нишонаи почта 735370

Иқтисод

вироиш

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва 2 осиёби барқӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 124 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва корхонаи коркарди намаки «Алоқа» мавҷуд аст.

Сарчашма

вироиш