Гулистон (деҳа, ҷ. Талбак Садриддинов, н. Шаҳритӯс)

Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритӯс. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 15 км, то маркази ноҳия 18 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 738 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Шаҳритӯс
Ҷамоат Деҳоти Талбак Садриддинов
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 738 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3240

Иқтисод

вироиш

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ, 3 нуқтаи савдои хусусӣ ва осиёби барқӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон тавассути наҳри Бешкент обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 15 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагии деҳқонии ба номи Абдуғаффор Эшмирзоев мавҷуданд.

Мардум

вироиш

Солҳои 70 асри 20 таъсис ёфтааст. Мардумаш аз маркази ноҳияи Шаҳритуз ва ноҳияҳои Ҳисору Регар (ҳозира Турсунзода) ба Гулистон кӯчида, дар ҳайати совхози давлатии «40-солагии Ғалаба» кору фаъолият намудаанд.

Сарчашма

вироиш