Гулистон (деҳа, н. Панҷ)

(Тағйири масир аз Гулистон (н. Панҷ))

Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 13 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2159 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Панҷ
Ҷамоат Деҳоти Нури Ваҳдат
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2159 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3552
Нишонаи почта 735140

Ҷуғрофиё

вироиш

Соли 1948 бунёд шудааст. Гулистон 2 осиёби барқӣ, 3 масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои хидмати маишӣ ва савдои хусусӣ, бунгоҳи тиббӣ ва китобхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 66 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Сарчашма

вироиш