Гули Сурх (деҳа, н. Кӯшониён)
(Тағйири масир аз Гулисурх (деҳа, н. Кӯшониён))
Гули Сурх — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён. Аз Гули Сурх то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 4 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 881 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Кӯшониён |
Ҷамоат | Деҳоти Навбаҳор |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 881 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3245 |
Нишонаи почта | 735140 |
Иқтисод
вироишБунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии маркази ноҳия таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гули Сурх 24 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Аҳолӣ
вироишДеҳа соли 1947 таъсис ёфта, аҳолиаш бо мақсади обёрӣ кардани заминҳои Водии Вахш аз ноҳияи Тавилдара муҳоҷир шудаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гули Сурх // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2