Гули Бодом
Гули Бодом (собиқ Бешкаппаи Поён) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Гули Бодом то маркази ҷамоат 11 км, то маркази ноҳия 67 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 572 нафар (2013), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Рӯдакӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Эсанбой |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Бешкаппаи Поён |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 475 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3137 |
Иқтисод
вироишНуқтаҳои савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта ва мактаби таҳсилоти умумии асосӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Чангоб давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, боғдорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Чангоб обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гули Бодом // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2