Гули кавкаб, картошкагул (лот. Dahlia variabilis) — номи гунае аз сардаи кавкаб.

Гули кавкаб
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Dahlia variabilis

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ вироиш

Лундареша, соқаи дарунхолӣ, баргҳои сабз ё сурхи бӯртоб, хӯшагули сабадаки гулбаргҳояш арғавонӣ, зард, сафед, сурх, бунафш дорад. Гулбаргҳои баъзе анвои гули кавкаб нақшин мебошанд. Ватани гули кавкаб кӯҳсори Мексика, Перу ва Чили аст. Ҳиндуҳо онро ба хотири ғизобоб будани бехаш мепарваранд. Ба Аврупо 400 сол муқаддам бурда шудааст. Гули кавкаб беш аз 12 ҳазор навъи боғӣ дорад. Дар Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон анвои зиёди он («Ага», «Алва», «Дорис», «Апогей», «Белая астра», «Вечный огонь», «Кристалл» ва ғ.)-ро парвариш мекунанд. Вобаста ба шакли хӯшагул гули кавкаб патдор, кампат ва бепат мешавад. Аз қаламча, бехмева ва тухм зиёд мекунанд. Дар замини ҳосилхез (тирамоҳ ба умқи 35-40 см шудгор кардан лозим) хуб нашъунамо меёбад. Дар Тоҷикистон лундаҳои гули кавкабро моҳи феврал ба тубак ва моҳи апрел ба замин мешинонанд. Масофаи байни ҳар бех гул бояд 75-100 см бошад. Рӯшноӣ ва гармиро меписандад. Бехи онро то фаро расидани сармои аввал кофта гирифта, дар ҷойҳои хушку торик (дар ҳарорати 10°С) қатор чида нигоҳ медоранд. Бо мақсади пешгирии бемории саратони рустанӣ бехи гули кавкабро баъди ҷамъоварӣ дар маҳлули даҳани фаранг (100 г ба 10 л об) 5 дақиқа тар карда мондан лозим аст. Барои аз касалиҳои фузариоз ва склеропитоз эмин доштан, пеш аз шинондани гули кавкаб ба замин хокаи ангишт, ба ниҳолҳо хокистар мепошанд.

Корбурдҳои пизишкӣ вироиш

Гули кавкаб хосияти табобатӣ низ дорад. Барги он барои офтобсӯхтагӣ давои хуб аст. Бо ин мақсад барги гули кавкабро шуста ба ҷои осебрасида мегузоранд ва бо дока мебанданд. Барги гули кавкаб барои дафъи обила низ муфид аст.

Зараррасонҳо вироиш

Ба гулу барги гули кавкаб тортанаккана, кирминаи гамбускҳо, нематода, ширинча ва дигар ҳашарот зарар мерасонад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Вакуленко В. В. Справочник цветовода. М., 1996;
  • Дороганов О. Георгины — секреты успеха//Цветоводство, № 4. 2001;
  • Энциклопедия декоративных садовых растений. М., 2003.