Гули одамрӯ (лот. Víola trícolor) — рустании як ё дусолаи ороишӣ аз ҷинси бунафша.

Гули одамрӯ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Viola tricolor L., (1753)

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

вироиш

Решаи бӯртоб, пояи сершох (то 40 см қад мекашад), барги нештаршакл ё байзашакл, гули серанга (кабуд, бунафш, зард ё сафед), гулпояи дароз (то 30 мм) ва ғӯзамева (дарозиаш 10 мм) дорад. Тухмаш қаҳваранг ё зарди сафедтоб (вазни 1000 донааш 0,4-0,5 г) аст. Гули одамрӯ дар Аврупои Шарқӣ, Қафқоз, Осиёи Хурд, Амрикои Шимолӣ дучор меояд. Дар марғзор, канори роҳ ва киштзорҳо месабзад.

Дар Тоҷикистон навъҳои боғии «Юпитер», «Офтоби зимистон», «Мусалласи сурх», «Маликаи нилгун» парвариш карда мешаванд. Гули одамрӯро дар гулзор ва тубакҳо месабзонанд. Навбаҳорон мешукуфад. Онро аз тухм, қаламча ва дигар узвҳои нашвӣ метавон зиёд кард. Гули одамрӯ рустании доруист. Баргу пояи он витамини С, β-каротин, сапонин, гликозиди виолакверситрин, фитонсид ва ғайра дорад. Доруҳои Гули одамрӯ фараҳбахш, арақовар, шошарон мебошанд. Табибони халқӣ онро барои муолиҷаи бемориҳои ширинча, ҳузол, сурфа, чурра, рахит, дандондард, тарбод, дарди банду буғумҳо ва ханозир истифода мебаранд.

Адабиёт

вироиш
  • Флора и растительность ущелья реки Варзоб. Л., 1971;
  • Лекарственные растения в научной и народной медицине. Саратов, 1972;
  • Губанов И. А. (ва диг.). Фиалка трехцветная//Иллюстрированный определитель растений Средней России. М., 2003.