Гули товус
Гули товус (лот. Spartium junceum) — буттаест ҳамешасабз. Мансуби лӯбиёиҳо.
Гули товус | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Genisteae.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Spartium L., 1753 | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
Единственный вид | ||||||||||||||||
|
||||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишТо 4 м қад мекашад. Навдаҳояш рост, борик, камбарг ё бебарг. Баргаш (дарозиаш 1-2,5 см) майда (аввали тобистон мерезад), бедандона. Гулаш зард (дарозиаш то 2,5 см), зебои хушбӯй; мевааш ғилофак (дарозиаш 5-10 см), сертухм. Гули товус дар навоҳии баҳри Миёназамин ва Аврупои Ҷанубию Ғарбӣ мерӯяд. Онро дар Қафқоз, Қрим, Украина боғӣ кардаанд. Дар Тоҷикистон аз соли 1930 мепарваранд. Барои ороиши кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулбоғ ва аз обшӯй ҳифз намудани талу теппаҳо муҳим аст. Аз тухм ё кӯчат (моҳҳои апрел — май) зиёд карда мешавад. Даври гулшукуфташ моҳҳои апрел — июн аст.
Корбурдҳо
вироишДар саноат аз гули товус равғани эфир, алкалоидҳо (спартеин, пахикарпин), ранги зарди табиӣ ва нахи бадошт мегиранд. Навдаҳояшро дар сабадбофӣ истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гули товус // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана. Д., 1965;
- Куреннов И. Энциклопедия лекарственных растений. М., 2012.