Гули қашқарӣ
Гули қашқарӣ, минои чинӣ (лот. Callistephus chinensis) — рустании як ё дусола; гули маъруфи зебо.
Гули қашқарӣ | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Callistephus.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Callistephus chinensis L.) Nees (1832) | ||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишПояаш рости сахт (20-90 см қад мекашад), сершохи сабзранг, гоҳо сурхча. Баргаш сабзи байзашакл (дарозиаш 15-18 см), дандонадор, ботартиб ҷой гирифтааст. Хӯшагулаш сабадак (қутраш 3-15 см). Гулбаргҳояш забоншакл ё найчамонанд буда, арғувонӣ, бунафш, сурх ва ғ. мешавад. Гули қашқарӣ моҳҳои июл — октябр гул карда, баъди 30-40 рӯз тухм мебандад (вазни 450—500 донааш 1 г). Тухми гули қашқарӣ қобилияти сабзишашро 2-3 сол нигоҳ медорад. Дар дунё зиёда аз 4000 навъи гули қашқарӣ ба вуҷуд оварда шудааст, ки тақр.
Парвариш
вироиш200 намуди онҳоро парвариш мекунанд. Гули қашқарӣ аслан аз қисмати ҷанубу ғарбии Шарқи Дур, Хитой, Муғулистон ва Корея аст. Дар шароити иқлими Тоҷикистон низ хуб месабзад. Тухми онро моҳи феврал дар гулхонаҳо, моҳи апрел дар ҳавои кушод мекоранд. Гули қашқарӣ рустании рӯшноидӯст ва сармобардор аст. Дар хоки ҳосилхези начандон турш беҳтар месабзад. Пеш аз кӯчати ниҳолҳо тирамоҳ заминро амиқ шудгор карда, ба ҳар метри мураббаъ 2-4 кг порухок ва барги пӯсида меандозанд. Истифодаи пору баъзан боиси сар задани касалии фузариоз мешавад. Аз ин лиҳоз гули қашқариро дар як замин ҳар сол, инчунин баъди гули ёқут, лола ва мехчагул намешинонанд. Баҳорон ба гулзор 20-40 г суперфосфат, 15-20 г сулфати аммоний, 15-20 г намакҳои калийдор мепошанд. Гули қашқарӣ рустании ороишӣ буда, онро барои бунёд намудани гулхатту гулнақш, сабзкории кӯчаю хиёбон ва шаҳру шаҳракҳо истифода мебаранд. Аз ширинча, касалиҳои фузариоз, септориоз, решатосак, фитофтороз, ризоктониоз, склеротиниоз ва занга осеб мебинад. Ба гули қашқарӣ кирми тирамоҳӣ, лесак ва тортанаккана низ зиён мерасонанд. Барои пешгирӣ ва мубориза бо касалиҳо истифодаи маҳлулҳои 0,2-фоизаи хлорофос, 1-фоизаи даҳани фаранг ва оҳакоб муфид аст. Гулдастаи гули қашқарӣ то 14 рӯз тару тоза ва ботароват меистад (фақат пояи онро шуста оби гулдонро иваз кардан лозим).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гули қашқарӣ / А. Ҳалимов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Петренко И. А. Астры: Научно-популярное издание. М., 2001;
- Григорьев Д. Все растения мира. М., 2006.