Гули ҷаъфарӣ
Гули ҷаъфарӣ' (лот. Tagétes erécta) — навъи рустании яксолаи ороишӣ.
Гули ҷаъфарӣ | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Tagetes.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Tagetes erecta L. (1753) | ||||||||||||||||
|
Пояаш рост (аз 45 то 120 см қад мекашад), шоху баргаш сабзи анбӯҳ. Гулаш зарди назаррабо, вале бадбӯй аст. Хӯшагулаш (қутраш 5-10 см) дар нӯги навдаҳо ҷойгир мебошад. Баъди 60-90 рӯзи кишт гул карда, тухм мебандад. Гули ҷаъфариро бори аввал дар Африқои Шимолӣ парвариш кардаанд, ҳарчанд асли он аз Амрикои Марказист. Навъҳои худрӯи гули ҷаъфарӣ дар Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ дучор меоянд. Гули ҷаъфариро дар асри 16 ба Аврупо ва баъд ба Осиёи Миёна (Хуҷанд, Бухоро ва Самарқанд) овардаанд. Беш аз 20 навъи гули ҷаъфарӣ маълум аст. Дар Тоҷикистон навъҳои сербарги тилоранг, зард ва норинҷии он мерӯяд. Гули ҷаъфариро баҳорон барои ороиш ва гулзор намудани хиёбону кӯчаҳо мешинонанд. Онро дар тубаку гармхонаҳо парвариш кардан мумкин аст. Дар ҷойҳои соя низ месабзад. Дар таркиби гули ҷаъфарӣ витаминҳои А1, В1, В2 ва С, дар тухмаш равғани эфир мавҷуд аст. Феълан гули ҷаъфарӣ бештар дар Фаронса парвариш карда мешавад ва равғани онро дар атриёт кор мефармоянд. Кварсетагетин ном ранги зард, ки аз шукуфаи гули ҷаъфарӣ ҳосил мешавад, дар саноат барои ранг кардани мӯина истифода мегардад. Дар гузашта гули ҷаъфариро чун давои таскинбахш, пешоброн ва киҷҷакуш кор мефармуданд. Олимон муқаррар намуданд, ки гули ҷаъфарӣ боз хусусиятҳои зиддимикробӣ, гандзудоӣ, зиддиилтиҳобӣ, зиддизанбӯруғӣ, фишорфарорӣ ва рафъи ташаннуҷро дорад; равғани он пӯстро нарм мекунад. Табибон гули ҷаъфариро дар ҳангоми шабкӯрӣ, дарди санги гурда ва асабоният нофеъ медонанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гули ҷаъфарӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Однолетние цветочные растения. М., 1961;
- Справочник цветовода. М., 1971;
- Айзейман Б. Е. Фитонциды и антибиотики высших растений. Киев, 1984;
- Головкин Б. Н. (ва диг.). Декоративные растения СССР. М., 1986;
- Хессайон Д. Г. Все о комнатных растениях. М., 2002. А. Мадаминов.