Гулкарам
Гулкарам (лот. Brassica cauliflora) — рустании яксола ва сабзавоти маъруфи парҳезӣ.
Гулкарам | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Brassica oleracea L. var. botrytis L. | ||||||||||
|
Таърих
вироишГулкарами худрӯй маълум нест. Гулкарам аслан аз кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин аст. Аввалҳо онро карами суриёӣ мегуфтанд. Он сабзавоти бевақтӣ буда, таъми талхча дошт. Ибни Сино истеъмоли карами суриёиро дар зимистон ғизои муфиду шифоангез мешуморид. Гулкарамро бори нахуст набототшиноси араб Ибни Байтор тавсиф кардааст. Онро фақат дар Сурия ва дигар мамолики араб парвариш менамуданд. Асри 12 гулкарамро арабҳо ба Испониё бурданд. Баъдтар он аз Сурия ба Кипр бурда шуд. Дар Кипр парвариши гулкарам ривоҷу равнақ ёфт ва ин кишвар садсолаҳо мамолики Аврупоро бо тухмӣ таъмин мекард. Асри 14 баъзе навъҳои гулкарамро дар Фаронса, Итолиё, Ҳолландия ва Англия низ мепарвариданд. Тақр. 200 сол қабл гулкарам аз Ҳолландия ба Русия бурда шуд. Феълан гулкарам дар тамоми Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Хитой ва Ҷопон парвариш карда мешавад.
Гулкарам пояи ғафси устувонашакл (баландиаш 15-70 см) ва 15-20 барги нештармонанд ё паҳни тухмшакл дорад. Гултӯдааш сабзи баста, баъзан ҷилодор. Таҳбаргҳояш ба бехи поя часпидаанд; баргҳои болояш думчадоранд (дарозиашон 5-40 см). Решаи гулкарам дароз (60, баъзан 100—120 см) буда, решаҳои паҳлуии он то 50-60 см паҳн мешаванд. Баъди ташаккули комили тӯдагул гулкарам боз 5-6 навдаи дигар пайдо мекунад, ки онҳо зуд панҷа зада, бор меоваранд. Тухми гулкарам майдаи ҷигарӣ (вазни 1000 донааш 2,5-3,5 г) ва 3-4 сол қобили сабзиш аст. Гулкарам сабзавоти хуби ғизоист. Дар таркиби он 8-11,7 % моддаҳои хушк, 1,7-4,2 % қанд, 1,6-2,5 сафеда, 0,1-0,2 мг каротин, 0,3-0,7 % нитроген, 0,7-0,8 % хокистар, инчунин витаминҳои С (50-170 мг%), В1 (0,09-0,22 мг%), В2 (0,05-0,25 мг%), натрий, калий, калсий, магний, фосфор ва ғ. мавҷуданд.
Парвариш
вироишПарвариши гулкарам дар Тоҷикистон солҳои 50 асри 20 дар водии Ҳисор оғоз ёфт. Дар ҷумҳурӣ асосан навъҳои «Ватанӣ» (миёнапазак; 100—110 рӯз) ва «Барфак» (тезпазак; 90-100 рӯз) парвариш карда мешаванд. Ниҳоли гулкарамро дар ду давра — баҳор (моҳи май мепазад) ва тирамоҳ (моҳи сентябр — ноябр мерасад) мешинонанд. Барои тайёр кардани ниҳоли баҳорӣ пеш аз кишт ба тухмӣ дору пошида, охири декабр ва аввали январ дар гармхона мекоранд. Ниҳоли гулкарами тирамоҳиро аввали июл дар парвардахона (ба ҳар 1м2 10-12 г, ба ҳар га 350—400 г тухмӣ кошта мешавад) тайёр мекунанд. Гулкарам ба сармо (2-3°С) нисбатан тобовар буда, тухми он дар ҳарорати 5-6°С неш мезанад. Гулкарам дар ҳарорати 18-20°С хуб нашъунамо мекунад. Дар сурати аз 25°С боло рафтани ҳарорат гули гулкарам бордор намешавад. Аз ин сабаб дар шароити иқлими Тоҷикистон тухм ҳосил кардани гулкарам душвор аст. Барои рушди хуби гулкарам замини ҳосилхез, нурӣ ва нами муътадили хок (70-80 %) зарур мебошад. Барои гулкарам лӯбиёиҳо, бодиринг, пиёз, сабзӣ, лаблабу ва картошка пешкишти мувофиқанд. Заминро барои шинондани ниҳол қаблан омода бояд кард. Тирамоҳ ба ҳар га 25-30 т поруи пӯсида ва 3-4 сентнер суперфосфат андохта, шудгор мекунанд. Пеш аз шинондани ниҳолҳо заминро дубора шудгор ва мола карда, ҷӯяк мекашанд (масофаи байни ҷӯякҳо 60 см). Бо мақсади гирифтани ҳосили баҳорӣ ниҳолро охири феврал ва аввали март, барои ҳосили тирамоҳӣ охири июл — аввали август шинондан лозим аст. Хоки байни қаторҳои гулкарамро нарм, алафҳои бегонаро нест ва бехи ниҳолҳоро хокпош карда, об мемонанд. Аз таъсири офтоб ранги сараки гулкарам мепарад, бинобар ин, баробари 2-3 см шудани андозаи сарак, рӯи онро бо баргҳои канорӣ соя кардан лозим. Тухми гулкарамро бевосита ба ҷӯякҳо низ коридан мумкин аст. Решаи гулкараме, ки аз тухм сабзидааст, устувор, саракаш калон ва пур мешавад. Гулкарамро баъди ҳар 2-3 рӯз меғундоранд. Барои чиркин нашудану осеб наёфтан саракҳои гулкарамро якҷо бо 2-3 барг бурида мегиранд. Аз ҳар га карамзор 150—180 сентнер ҳосил ғундошта мешавад. Гулкарамро ҷӯшонда, бирён карда ва дам дода истеъмол мекунанд. Гулкарам нисбат ба дигар анвои карам зудҳазм буда, луобпардаи меъдаро намеангезад. Гулкарам бахусус ҳангоми бемориҳои меъдаву рӯда ва чун ғизои кӯдакон нофеъ аст. Ҳангоми суст будани тарашшуҳоти меъда истеъмоли ғизоҳои обпазе, ки аз гулкарам таҳия шудаанд, аҳаммият дорад. Онро ҳангоми реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, бемориҳои ҷигар ва талхадон низ муфид мешуморанд. Истеъмоли гулкарам барои ашхоси гирифтори ниқрис зиён дорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулкарам / Х. Эмомов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Файзиев Ҳ. С. Дастури сабзавоткор. Д., 1983;
- Ҳамон. Парвариш ва нигоҳ доштани сабзавот. Д., 1986;
- Марков В. М. Овощеводство. М., 1974;
- Болотских А. С. Капуста. Харьков, 2002;
- Пустырский И. (ва дигулкарам). Капуста. Ростов-на-Дону, 2004.