Гулкорон (собиқ Болшевик) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Гулкорон то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 18 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4196 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулкорон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Рӯдакӣ
Ҷамоат Деҳоти Гулистон
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Болшевик
Аҳолӣ
Аҳолӣ 4196 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3137

Соли 1932 ташкил шудааст.

Иқтисод

вироиш

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта ва 8 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Мавлоно обёрӣ мешаванд.

Шахсиятҳои маъруф

вироиш

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Отаназар Абдуфаттоев дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.

Сарчашма

вироиш